Маълумоти охирин
Главная / Илм / МО-ЦЗЫ

МО-ЦЗЫ

mo-czyМО-ЦЗЫ, Модӣ (479—400 то м.), файласуф ва ходими сиёсии Хитои Қадим, асосгузори мактаби фалсафии моиҳо. Ӯ ба муқобили конфуцийчигӣ, ки ҳукмронии ашрофияи меросиро таназзулнопазир медонист, муборизаи ғоявӣ мебурд. Нуқтаи асосии таълимоти Мо-цзы ва шогирдони ӯ даъватест ба барқарор кардани муносибати одамӣ дар буньёди принципи кайҳонии «муҳаббати кулл ва манфиати тарафайн». Ин нуқта, ки ба яке аз рукнҳои асосии конфуцийчигӣ муқобил аст, як навъ далели ахлоқиест ба ғояи баробарии одамон. Мо-цзы одамонро ба ҳамкорӣ, шуғли меҳнати фоиданок ва инкори зӯрию ҷанг даъват намуда, ақидаи ба корҳои роҳбарии мамлакат таъин намудани одамони оқилу қобилиятнокро новобаста аз мавқеи ҷамъиятиашон тарғиб мекард. Мо-цзы ба ирфон майд оварда бошад ҳам дар таълимоти ӯ як қатор унсурҳои материалистӣ дида мешавад. Баъдтар дар асоси ақидаҳои Мо-цзы ва шогирдони вай назарияи маърифати соддаи материалистӣ ба миён омад ва он дар инкишофи афкори фалсафии Хитои Қадим хизмат кард.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …