Главная / Илм / МОҲИХӮРАК

МОҲИХӮРАК

mohikhurakМОҲИХӮРАК (Phalacrocorax), як ҷинси паррандаҳои обиро гӯянд, ки ба оилаи Steganopodcs мансуб аст. Дарозии танаш 55 —92 см. Болу параш сиёҳ. Қариб 30 намуди Моҳихӯрак дар Европа, Америкаи Шимолӣ, Осиё, Африка, Австралия ва Зеландияи Нав паҳн шудааст. Дар СССР ва дар Тоҷикистон 2 намуди Моҳихӯрак: Моҳихӯраки калон (Ph. carbo; ниг. расм) ва Моҳихӯраки хурд (Ph. pygmaeus) зиндагӣ мекунад. Моҳихӯракҳо дар обанборҳои сунъӣ ва табиии Тоҷикистон тӯда-тӯда шуда зиндагӣ мекунанд. Шабро дар найзор ё болои харсангҳо мегузаронанд. Ғизои Моҳихӯрак моҳӣ мебошад.

Ад.; Абдусаломов И. А., Фауна Таджикской ССР, т. 19, ч. 1, Птицы, Д., 1971.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …