Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИЗОНИ ҲАРОРАТИ ЗАМИН

МИЗОНИ ҲАРОРАТИ ЗАМИН

mizoni-zaminМИЗОНИ ҲАРОРАТИ ЗАМИН, таносубн воридоту содироти энер­гия (энергияи нур ва гармӣ) дар сатҳи Замин, дар атмосфера ва дар системаи Замину атмосфера. Радиацияи Офтоб манбаи асосии энергияи аксар процессҳои физикӣ, химиявӣ ва биологист, ки дар атмосфера, гидросфера ва қабатҳои болоии ли­тосфера ба амал меоянд. Бинобар ин тақсимот ва таносуби омилҳои Мизони ҳарорат бо тағйири радиацияи Офтоб дар ин қабатҳо тавсиф меёбад. Мизони ҳарорат ҳолати хусусии қонуни бақои энергия буда, барои қитъаи За мин (Мизони ҳарорати сатҳи Замин), барои сутуни амудии аз дохили атмосфера гузаранда (Мизони ҳарорати атмосфера), барои ҳамин гуна суту­ни аз дохили атмосфера ва қабатҳои болоии литосфера ё гидросфера гу­заранда (Мизони ҳарорати системаи Замину атмосфера) тартиб дода мешаванд.

Муодилаи Мизони ҳарорати сатхи Замин ҳосили ҷамъи алгебравии сели энергиян байни элементи сатҳи Замин Ва фазои онро иҳотакунанда мебо­шад ва ифодааш чунин аст: R+P+ f Fo + LE — 0, ин но R фарқи байни радиацияи фурубурди кӯтоҳмаҳин Офтоб ва афкенишоти дарозмавҷи эффективии сатҳи Замин аст; Р сели гармист, ки байни сетҳи За­мин ва атмосфера ба амал меояд. Маҳз бе туфайли он ҳарорати сатҳи Замин ва ҳарорати ҳаво аз ҳам фарқ мекунанд; Fо сели гармист, ки байни сатҳи обанборҳо ва қабатҳои дарунии онҳо ба амал меоянд; LB сарфи гармӣ барои бухоршавӣ (L — гармии бухоршавӣ, Б — массаи оби бухоршуда) аст.

Муодилаи Мизони ҳарорати атмосфера чунин ест:

Мизони ҳарорати сатҳи Замин, солона ккал/см

Дар ин ҷо R— мизони радиационии атмосфера; Lr — воридот ва содироти гармӣ ҳангоми гузаришҳои фазавии об дар атмосфера (г — миқдори боришот); Р — воридот б худ содироти гармие, ки бо сабаби гармиивазшавии турбулентӣ дар байни атмосфера ва сатҳи Замин ба амал меояд; F» воридот ва содироти гармист, ки бо ҳаракати гармиивазшавии мураттаби атмосфера ва макротурбулентият алоқаманд аст; AW — тағйири гарминигаҳдорӣ дар дохили сутуни амудии қабати ат­мосфера.

Ҳосили ҷамъи аъзои муодилаҳои Мизони ҳарорати сатҳи Замин ва Мизони ҳарорати атмосфера муодилаи Мизони ҳарорати систе­маи Замину атмосфера мебошад. Омилҳои Мизони ҳарорати сатҳи Замин ва Мизони ҳарорати атмосфераро дар асоси гузарондани мушоҳидаҳои метеоро­логии заминиву кайҳонӣ барои ноҳияҳои гуногуни кураи Заамин муайян мекунанд.

Маълумотҳое, ки омилҳои Мизони ҳароратро ташкил медиҳанд, барои ҳалли аксар масъалаҳои иқлимшиносӣ, гидрологияи хушкӣ, океанология истифода мешаванд, барои асоснок кардани моделҳои рақамии назарияи иқлим ва саняиши амалии натиҷаҳои татбиқи ин моделҳо ба кор меоянд. Материалзм доир ба Мизони ҳарорат ба­рои омӯхтани тағйири иқлим муҳиманд. Ин маълумотҳо ҳамчунин дар ҳисобу китоби дараҷаи бухоршавии оби ҳавзаҳои дарё, кӯлу баҳрҳо ва уқёнусҳо, дар тадқиқи режими энергетикии ҷараёнҳои баҳрӣ, барон омӯхтани барфпӯшаву яхпӯшаҳо, дар физиологияи наботот барои тадқиқи ҳодисаҳои транспирация ва фотосинтез, дар физиологияи ҳайвонот барои омӯхтани режими ҳароратии организмҳои зинда истифода мешаванд.

Ад.: Атлас теплового баланса земного шара, под ред. М. И. Будыко, М., 1963; Вудыком. И., Климат в прошлом и будущем, Л., 1980.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …