Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИЗОҶ

МИЗОҶ

mizochМИЗОҶ (ар. Л — сиришт, ниҳод, табиат, хулқ) — хусусияти ботинии табиии одам, мувофиқи назарияи тибби қадим ва тибби халқии як қатор мамлакатҳои Шарқ сиришт ва табиати инсон аст, кайфиятест, ки аз омезиши чор унсур (ё аносири арбаа): оташ, бод, хок ва об ба ҳам мерасад. Мизоҷ дар асоси иртибот ва алоқамандии чор унсур, ки ном бурда шуданд, 4 хилт (моддаҳои асосии моеъи дохили бадан — хун, балғам, сафро ва савдо) ва 4 хусусия­ти иқлимӣ — ҳарорат (гармӣ), бурудат (хунукӣ), рутубат (намӣ) ва юбусат (хушкӣ) кашф ва муқаррар карда шудааст. Онҳо ба табиати 4 фасли сол (баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон) ва 4 узви асосии бадан (дил, майна, силура ва ҷигар) нисбат дода шудаанд (ниг. расми 1). Назарияи Мизоҷ аз қадимтарин ва машҳуртарин назарияҳои илми тиб мебошад. Ба ақидаи бисёре аз уламои тиб чор унсур, ки онҳоро арқон ё асли ҳамаи ҷисмҳо низ меноманд, басит (ғайри мураккаб) будаанд, яъне бо ғайри зоти худ таркиб наёфтаанд ва ҳангоме, ки аркон бисёр реза-реза мешаванд, аъзои онҳо бо ҳам омехта гардида, ба ҳадде феълу афъол менамоянд, ки сурати ваҳдати кайфияти дигаре, сурати ваҳдонӣ хосил мекунанд, ки он Мизоҷ аст. Сабаби пайдоиши беморихо, тамоми хусусиятҳои физиологии бадани инсон (аз кӯдаки навзод то кӯҳансолон), норасоиҳо ва дигаргуниҳои иқлимию ҷуғрофӣ дар аснои беморӣ, табиати хӯрок, нӯшокиҳо, доруҳо ва ғ. ҳама вобаста ба Мизоҷ дониста мешуд. Ба коми Арасту, Буқрот ва Ҷолинус ахлоти ҷаҳоргона (чор хилт), яъне хун, балғам, сафро ва савдо, ҳар кадом дар бадани ин­сон аз унсурҳои муҳими беруна (аз 4 унсур) ба вуҷуд меоянд. Ибни Си­но ин назарияро рад намуда, исбот мекунад, ки ахлоти чаҳоргона дар дохили узвҳои худи бадан ҳосил ме­шаванд. Ахлоти чаҳоргона дар як

ранг, дар як ҳолат ва мизоҷ намеистанд, балки ҳамеша дар ҳолати тағйир ва ҳаракат мебошанд ва манбаи қувваҳои асосии организм ҳайвонӣ, нафсонӣ, ҳис, ҳаракат ва тафаккур) ба шумор мераванд. Тавсифи ин ахлот, табиати онҳо, салоҳият ва фоидаи онҳо дар бадан дар ҷадвал дода шудаанд ( ниг. Ҷадвал).

Физиологи рус И. П. Павлов нахустин бор хелҳои мизоҷи одамонро аз рӯи навъҳои системаи асаб ҷудо карда, 4 гурӯҳи онро — сангвинӣ (дамавӣ), холерӣ (савдонӣ), меланхолӣ (сафроӣ) ва флегматӣ (балғамӣ) муқаррар ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок намуд, ки ин гурӯҳҳо ба назариян Мизоҷ мувофиқат мекунанд ва ҳар яке аз онҳо, чунон ки дар ҷадвал дида мешавад, ба афзалияти ин ё он хилт дар бадан алоқаманд аст.

Мизоҷи инсон ба чигунагии омезиши чор унсур ва 4 хосияти онҳо вобастааст. Аз ин ҷихат Мизоҷ ба ду навъ тақсим мешавад: Мизоҷи мӯътадил ва Мизоҷи ғайримӯътадил. Ба ибораи тиббӣ гӯем, «чун аҷзои аркон (чор унсур) мумосси якдигар шавад, кай­фияти мутазодаи баъзе дар баъзе амал кунад ва агар мизоҷ бар манҳаҷи васат (ба якдигар майлнакунанда) дар миёни кайфиёти мутазода воқеъ шавад, чунин мизоҷро мӯътадили ҳақиқӣ хонанд. Чунин мизоҷ вуҷуд надорад, онро фақат ба тариқи фараз тавон ангошт». Яъне Мизоҷи мӯътадил (Мизоҷи одами ҷавону солим, ки аз ҳар як хат — аз ҷиҳати қувва, ҳис, тафаккур, заковат ва ғ. комил бошад) дар табиат вуҷуд надорад ё кам вомехӯрад. Аммо Мизоҷе, ки дар миёни кай­фияти мутазода моили якдигар бо­шад, яъне Мизоҷи ғайримӯътадил, иборат аз 8 қисм аст: 1) фақат моил ба ҳарорат (гарм); 2) фақат моил ба бурудат (хунук); 3) фақат моил ба рутубат (тар); 4) фақат моил ба юбусат (хушк); 5) моил ба ҳарорат ва юбусат (Мизоҷи оташ); 6) моил ба ҳарорат ва рутубат (Мизоҷи обу ҳаво); 7) моил ба бурудат ва юбусат (Мизоҷи хок) ва 8) моил ба бурудат ва рутубат (Мизоҷи об).

Мизоҷи ғайримӯътадил 4 дараҷа дошта, ҳар кадоме ба 3 поя тақсим мешавад (ниг. расми 2). Ҳамаи ҷисмҳо, минералҳо, хӯрокворӣ, наботот, доруҳо, аз ҷумла узвҳои ҳайвонот, аз рӯи ранг, бӯй, таъм ва таъсири худ ба организм мувофиқи ҳамин дараҷаҳо ва пояхо тасниф карда шу­даанд 4 дараҷаи Мизоҷро аз рӯи таъсири дору ба организм муайян мекарданд, ки меъёри он тақрибан чунин буд (ба ибораи тиббӣ): 1) агар миқдори ками он ба бадани аддос (ҷавон ва солим) кайфияте зиёду ғолиб нанамояд, миқдори бисёр ва такрори истеъмоли он тағйири каме намояд, аммо ноқису мухтал (вайрон) насозад, дараҷаи аввалӣ гӯянд; 2) агар миқдори ками он кайфияти ғолиб ва зоид намояд, аммо зиёдатии миқдор ва такрори истеъмоли он ба ҳадди зарар ва фасод нарасад, дараҷаи сония номанд;

о) агар зиёдатии миқдор ва касрати истеъмоли он ба зарару фасод ва

гарм бошанд, ба он дору то дараҷаи муайяи гиёҳ ё хӯрокҳои табиатан хунук илова карда мешуд ва ғ. Му­вофиқи назарияи тибби қадим Мизоҷи одамон ба ҷинс, синну сол, иқлим вобастааст. Дар «Ал-қонун» гуфта мешавад, ки Мизоҷи кӯдакон ва наврасон назар ба калонсолон гармтар ва намноктар, Мизоҷи кӯҳансолон сарду хушк, Мизоҷи занон назар ба Мизоҷи мардон хунуктар ва намноктар, Мизоҷи сокинони мамлакатҳои шимол назар ба Мизоҷи шахсоне, ки дар ҷануб истиқомат мекунанд, намноктар аст. Ба ҳар узви дохилии бадан Мизоҷи махсусе низ хос мебошад. Ба қавли Ибни Сино тартиб ва нисбати узвҳои гарми бадан чунин аст: гармии Мизоҷи рӯҳ зиёдтар аст (>) аз дил > хун > ҷигар > шуш > мушакҳо > силура, гурда ва ғ; узвҳои Мизоҷи хунук: балғам хунуктар (>) аз чарбу > мӯй > устухон > тағояк > пайдо > пардаҳо > асабҳо > ҳаром мғз > майнаи cap > пӯст ва ғ; узвҳои тар: рутубати балғам зиёдтар аст (>) аз хун > равған > майнаи cap, ҳароммағз > пистон > тухмдон > шуш > ҷигар > силура > гурда > мушакҳо > пӯст; узвҳои Мизоҷи хушк: хушкии муйдо зиёдтар (>) аз усту­хон > тағояк > пайҳо > пардаҳо > рагҳо > асабҳои ҳаракат > дил > асабҳои ҳиссиёт > пӯст. Ағзия ва адвия (хӯроквориҳо ва доруҳо) ба чунин гурӯҳҳо тақсим мешаванд:

ғиаои мутлақ — хӯроквориҳое, ки фақат хусусияти ғизоӣ дошта, Мизоҷи одамро тағйир намедиҳанд;

2)ғизои мутлақ — моддаҳое, ки хосияти ғизоӣ надоранд, вале метавонанд Мизоҷи одамро дигар кунанд;

3)ғизои давоӣ — моддаҳое, ки хосияти ғизоии онҳо назар ба таъ­сири давоии онҳо зиёдтар ё қави­тар аст (бодиринг, каду, харбуза, ангур, шалғам, сабзӣ, мош, лубиё ва ғ.); 4) давоҳои ғизоӣ — модда­ҳое, ки таъсири давоии онҳо нисбат ба хусусияти ғизоиашон зиёдтар аст (наъно, сир, коснӣ, тут, олу ва ғ); 5) моддаи зулхосиятайн — дар баробари таъсир ба Мизоҷ боз таъ­сири махсус ҳам доранд. Мас., заҳрҳо, ки баръакси фаъолияти организм таъсир карда тамоми узвҳо, қувваҳо ва гармии табиии баданро хароб на­муда, боиси дарду машаққат ва ҳатто ҳолати марговар мегарданд; подзаҳрҳо ва тарьёкҳо, ки бо таъсири махсуси худ қувваҳо, гармӣ ва танзими баданро барқарор, таъсири заҳрҳоро бартараф ва организмро солиму мустаҳкам менамоянд. Ба назарияи Мизоҷ, бо вуҷуди норасоиҳои илмии он, зотан сирату сурати материалистӣ хос буд. Бесабаб нест, ки ин назария дар тиб дар муддати 2,5 ҳаз. сол мақоми бузург дошт.

Ад.: Абуали Ибни Сина. Ка­нон врачебной науки. Кн. 1. Ташкент, 1954; Капранов В. А.. Ҳошимов Р., Ҳикмати асарҳо. Д., 1975.

Ю. Н. Нуралиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …