Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИЁНАРАВӢ

МИЁНАРАВӢ

miyonaravМИЁНАРАВӢ, дар ҳуқуқи байналхалқӣ яке аз воситаҳои ҳалли мусолиматомези (хушӣ бо хушӣ) баҳсҳои байни давлатҳо бо роҳи гуфтушуниди онҳо бо иштироки давлати сеюм (миёнарав) ва дар асоси так­лифҳое, ки давлати сеюм пешниҳод менамояд. Қоидаҳои Миёнаравиро конвенцияҳои Гаага (солҳои 1899 ва 1907) ва Устави ТДМ (мод. 33) муайян ва муқаррар кардаанд. Мувофиқи Уcтави ТДМ (конвевцияҳо ва амалияи мавҷуда) миёнарав метавонад бо илтимоси тарафҳои баҳскунанда ё бо ихтиёри худ ва ё бо ташаббуси давлатҳое, ки ба баҳс муносибат на­доранд, Миёнаравӣ кунад. Дар муносибатҳои байналхалқии СССР ҳодисаҳое маълуманд, ки Давлати Советӣ Миёнаравии давлатҳои дигарро пазируфта ё худаш миёнарав шудааст. мас., бо Миёнаравии СССР 4—10 январи 1966 дар Тошкент вохӯрии роҳбарони Ҳиндустону Покистон (бо иштироки раиси Совети Вазирони СССР) баргузор гардид ва дар ватининизон байни онҳо хушӣ ба хушӣ ҳал карда шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …