МИСР

misrМИСР, Республикаи Мисри Араб РМА -давлат дар Шарқи Наздик, қисми шимолу шарқии Африка ва нимҷазираи Синои Осиёро ишғол кардааст. дар Ғарб бо Либия дар ҷануб бо Судон, дар Шимолу Шарқ бо Исроил ва бо терр., ки соли 1947 ТДМ барои барпо намудани давлати араб ҷудо карда буд, ҳамсарҳад мебошад. Дар Шимол онро баҳри Миёназамин ва дар Ш. б. Сурх халиҷҳои Суэц ва Ақаб иҳота кардаанд. Масоҳати 1001, 4 ҳазор км. Аҳолиаш 42 млн нафар, (1980). Пойтахташ шаҳри Қоҳира (6,8 млн нафар) аз ҷиҳати маъмурӣ ба 25 муҳофаз (губерния) тақсим мешавад.

Сохти давлатӣ. Мувофиқӣ конститутсияи ҳозира (11 сентябри 1971 қабул шудааст) сардори давлат президент мебошад, ки ӯро аҳолӣ ба мӯҳлати 6 сол интихоб мекунад. органи олии қонунбарор-Маҷлиси халқӣ. Маҷлиси халқӣ плани генералии таракқиёти иқтисодию иҷтимоии М. бюҷети давлатиро тасдиқ, доир ба масъалаҳои муҳими иқтисодӣ ва сиёсӣ қонун қабул мекунад. совети вазирон ва президент давлатро идора менамоянд. Органҳои маҳаллии идоракунӣ – советҳои халқии муҳофаз, шаҳр, қишлоқҳо. Системаи судӣ: Судҳои инстанцияи 1 ва 2 (марказӣ ва маҳаллӣ), суди олии конститутсионӣ.

Табиат. 96 % терр, Мисрро биёбону нимбиёбон ташкил медиҳанд. Заминҳои киштшаванда фақат дар ва делтаи д. Нил (қариб 3% терр мамлакат) воқеанд. Қисми зиёди мамлакатро пуштаккӯҳҳои баландиашон аз 300 то 1000 метр ишғол намудаанд. Води Нил дар байни пуштакӯҳҳои санглоху чаридори биёбонҳои Либия аз Арабистон ҷой гирифтааст, ки тӯли он дар ҳудуди Миср 1200 км, бараш 1-3 км дар Ҷануб ва 20-25 км дар Шимол. Сарватҳои зеризаминӣ: фосфорит, маъдани оҳан, ангиштсанг, маъдани манган, нефт, ва ғ бисёр аст. иқлимаш асосан биёбонист. Ҳарорати миёнаи январ 11-12 С дар Шимол 15-16 С дар ҷануб ҳарорат ибл 25-26 С, дар Шимол 30-34 С дар Ҷануб. Дар қисми зиёди терр. Боришоти молона қариб 100 мм мебошад.

бошад. Бинобар ин киштзорҳо ба таври сунъӣ обёрӣ карда мешаванд. Дарёи Нил манбаи ягона ва асосии об мебошад. Баъди сохтани дарғоти баланди Асвон дар ҷануби мамлакат обанбори калони Носир (ҳаҷмаш 164 млрд м3) ба вуҷуд омад. Захираи обҳои зеризаминӣ калон аст, ки аз он қисман истифода мебаранд. Ба туфайли иқлими хушк замини Миср камҳосил ва набототаш нағз инкишоф наёфтааст. Олами ҳайвоноти делтаи Нил гуногун ва ниҳоят бой, хусусан парранда, моҳӣ бисёр аст.

Аҳолӣ. Дар Миср асосан арабҳо (98%), инчунин англисҳо, франсавиҳо, арманиҳо, юнониҳо ва дигар миллатҳо зиндагӣ мекунанд. Забо­ни давлатӣ — арабӣ. Дини давлатӣ— ислом (суннӣ). Қариб 97% аҳолӣ дар водии Нил, минтақаи канали Асвои ва возоҳо зиндагӣ мекунад, ки дар ин ҷо зичии миёнаи аҳо­лӣ дар 1 км2 1000 нафар мебошад. Шаҳрҳои калон: Қоҳира, Искандария, Порт-Саид, Исмоилия, Асвон ва ғ.

Очерки таърихӣ. Миср яке аз аввалин марказҳои тамаддун мебошад (ниг. мақолаи Мисри Қадим). Миср аз ғ 395 (баъди таназзули империяи-м) ба музофоти Византия табдил ёфт. Ибтидои асри 7 қисми зиёди аҳолии Миср дини масеҳиро қабул кард. Солҳои 639—642 Мисрро арабҳо забт намуда, ба Хилофати араб ҳамроҳ карданд. Ҳанӯз дар асри 7 қисми зиёди аҳолии маҳаллии Миср дини исломро қабул кард, дар айни замон забони арабӣ низ паҳн гардид. Охири асри 8 — ибтидои асри 9 дар давраи таназзули хило­фати Лббосиён Миср сохибихтиёр гар­дид. Дар давраи ҳукмронии сулолаи Фотимиён (909—1171) Мм аз ҷиҳати иқтисодӣ ва сиёсӣ хеле пурқувват шуд. Соли 1171 Ҳокимият дар Миср ба дасти Салоҳуддин (асосгузори сулолаи айюбиён) гузашт. Дар давраи ҳукмронии Айюбиҳо (1171— 1250) қисми зиёди заминҳои давла­тӣ ба иқтоъҳо табдил дода шуданд. Даромад аз иқтоъҳо чун тӯҳфа ба феодалҳои хурд ва миёна барои хизмати ҳарбӣ дода мешуд. Султонҳои Айюбиҳо аз мамлуқҳо (ғуломони сарбоз) гвардияҳо ташкил намуданд. Солҳои 1217—21 Айюбиҳо ҳуҷуми салибдоронро ба Миср зада баргардонданд. Соли 1250 ҳарбиёни олирутбаи мамлукҳо ҳокимиятро ба даст гирифта, армияи пуриқтидор ташкил карданд. Давлати мамлукҳо дар ибтидои асри 15 ҳуҷуми Темурро зада гардонд, аммо баъдтар аз зарбаи истилогарони турк шикаст хурд. Соли 1517 султони турк Салими I Ммро ба империяи Усмония ҳамроҳ кард.

Охири асри 17 империяи Усмония рӯ ба таназзул ниҳод, ки он ба мамлукҳо дар ибтидои асри 18 барои аз нав барқарор намудани ҳокимияти сиёсӣ дар Миср имконият дод.

Охири асри 18 қӯшунҳои Франция Мисрро истило карданд, вале мағлубияти онҳо аз купзунҳои Англияю Туркия дар Миср ба расман барқарор шудани империяи Усмония оварда расонд.

Соли 1805 Муҳаммадалӣ ба сари ҳокимият омад. Бо мақсади аз тобеияти вассалӣ озод кардани мамлакат соли 1831 ба муқобили Туркия лашкар кашид, дар ин ҷанг қӯшуни туркҳо шикаст хӯрд. Дар аҳди Исмоилпошо (солҳои 1863—79 ҳукмрон буд) Миср дар ҳудуди империяи Усмония ба мухторияти нисбатан васеи дохилӣ соҳиб шуд. Ба Миср дохил шудани капитали Англия ва Франция аз як тараф, ба тараққиёти иқтисодии Миср кумак расонда бошад, аз тарафи дигар ба суст шудани мавқеи буржуазияи миллӣ оварда расонд. Соли 1879 дар Миср нахустин ташкилоти миллии сиёсии «Ватан» барпо шуд, ки он шиори «Миср барои мисриён»-ро ба миён гузошт. 9 сентябри 1881 қисмҳои гарнизони ҳарбии Қоҳира бо сардории полковник Аҳмад Арабипошшо шӯриш бардошта ҳукумати миллии прогрессивӣ ташкил кар­данд. Аммо соли 1882 ҳукумати миллӣ сарнагун карда шуд, дар он Миср расман қисми таркибии империяи Ус­мония ҳисоб ёбад ҳам, режими истилогарони англис ҷорӣ гардид. Декабри 1914 Миср протекторати Британия эълон карда шуд.

Револбтсияи Кабири Социалистии Октябр дар Россия ба хеле авҷ гирифтани муборизаи озодихоҳонаи миллии Миср таъсири калон расонд. Соли 1918 ташкилоти миллии буржуазии «Вафд» бо талаби ба Миср додани истиқлолият маъракзи имзоҷамъкунӣ ташкил кард, ки он ба шӯриши калони зидди англисҳо таб­дил ёфт.

Солҳои 1918—19 дар Миср аввалин гурӯҳҳои социалистӣ ва коммунистӣ ташкил шуданд, ки сонитар ба Партияи социалистии Миср (аз соли 1922 — Партияи Коммунистии Миср, ПКМ) муттаҳид гардиданд.

Авҷи Ҳаракати озодихоҳии миллӣ Британияи Кабирро барои бекор кардани протекторат (феврали 1922) ва Мисрро ҳамчун «давлати мустақилу соҳибихтиёр» эътироф намудан маҷбур сохта бошад ҳам, аммо қӯшуни англисҳо аз Миср бароварда нашуданд; капитали Англия то ин дам дар иқтисодиёти Миср ҳукмрон буд. 19 апрели 1923 конституция қабул карда шуд, мувофиқи он Миср монар­хияи конституционӣ гардид, ки парламенташ аз ду палата иборат буд.

Дар интихоботи парламентӣ соли 1923 «Вафд» ғалаба кард. Вафдчиён дар оянда чандин (1928, 1929, 1936) маротиба ҳукумат ташкил карданд, ва­ле дар натиҷаи муқобилати Брита­нияи Кабир ба истиқлолияти пурраи миллӣ соҳиб шуда натавонистанд. Январи 1942 ба Миср ҳуҷуми фашистон таҳдид мекард. Доираҳои ҳукмрон барои дар Миср гузаронидани табадуллоти фашистӣ тайёрӣ диданд. Дар чунин шароит Британияи Кабир шоҳ Фаррухро маҷбур кард, ки ихтиёрӣ ҳокимиятро ба вафдчиён диҳад, чунки онҳо коалицияи зиддигитлериро дастгирӣ мекарданд. 26 августи 1943 байни Миср ва СССР муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда шуданд. Соли 1945 Миср аъзои ТДМ шуд. Дар ҷанги Фаластин армияи Миср шикаст хурд, ки он аз таназзули тартиботи монархистӣ шаҳодат медод. Ташкилоти маҳфии «Офицерони озод», ки дар армия ташкил шуда буд, бо сардории ҷамол Абдунносир фаъолияти худро пурзӯр кард. Соли 1950 партияи миллии буржуазии «Вафд» боз ҳукумат ташкил кард. 15 октябри 1951 парламент оид ба бекор кардаии шартномаи (соли 1936) асоратовари байни Миср ва Англия қонун қабул кард, ҷавобан ба авҷи ҳаракати миллии озодихоҳона шоҳ бо фишори Британияи Кабир дар мамлакат ҳолати фавқулода эълон кард, Ҳукумати «Вафд» аз сари ҳокимият дур карда шуд. Дар шароити муборизаи сиёсии дохилӣ ташкилоти ҳарбии «Офицерони озод» ба армия такья намуда, 23 июни 1952 табаддулоти революционӣ гузаронид. Совети роҳбарияти революция (СРР) тамоми ҳокимиятро ба дасти худ гирифт, ки ба ҳайати он роҳбарони ташкилоти «Офицерони озод» дохил шуданд. Генерал Муҳаммад Нақиб расман сардори СРР таъин шуд, аммо дар асл роҳбари он Ҷамол Абдунносир буд. Дар асоси қарори СРР аз 9 сентябри 1952 дойр ба ислоҳоти аграрии Миср қонун қабул карда шуд. 18 июни 1953 ҳокимияти мутлақи ба таври расмӣ барҳам дода шуда Миср республика эълон гардид. Зарурати минбаъд инкишоф додани ислоҳоти ресволюционӣ аз сари ҳокимият дур кардани Нақибро талаб кард.

Соли 1956 Носир президент интихоб шуд. 19 октябри 1954 дар бобати аз хоки Миср баровардани қӯшунҳои Англия шартнома (қӯшунҳои Англия танҳо моҳи июни 1956 пурра аз хоки Миср бароварда шуданд) ба имзо расид. 26 июни 1956 президент Носир дар бораи милликунонии ширкати канали Суэц декрет баровард, ки он дар иқтисодиёти Миср барои ташаккул ёфтани сектори пуриқтидори давлатӣ ибтидо гузошт. Ҷавобан ба он ҳукуматҳои Британияи Кабир ва Франция бар зидди Миср таҷовузи империалистӣ (1956) тайёр карданд, ки онро давлати Исроил cap кард. СССР ва дигар давлатҳои социалистӣ ва тамоми қувваҳои сулҳдӯстти ҷаҳон муборизаи халқи Мисрро бар зидди таҷовузкорон дастгирӣ намуданд. Декабри 1956 қӯшунҳои Англпяю Франция ва марти 1957 қӯшунҳои Исроил аз Миср пурра бароварда шуданд. 15 январи 1957 доир ба «мисрнкунонии» банкҳои хориҷӣ, идораҳои суғурта, ширкатҳои савдои беруна, корхонаҳои саноатӣ, нақлиёт ва ғ. қонун баромад. 29 январи 1958 дар Москва оид ба ҳамкории иқтисодии байни Миср ва Иттифоқи Советӣ шартнома баста шуд, ки он дар муборизаи Миср барои истиқлолияти иқтисод аҳамияти калон дошт. 1 феврали 1958 Миср ва Сурия муттаҳид шуданд ва барпо гардидани Республикаи Муттаҳидаи Араб (РМА) эълон карда шуд.

Роҳбарони революцияи Миср кӯшиш мекарданд, ки буржуазияи миллиро барои ташкили иқтисодиёти замонавӣ истифода баранд. Аммо онҳо медонистаид, ки капиталистони калон барои ҳокимияти сиёсӣ мубориза мебаранд. Бинобар ин бо мақсади суст намудани мавқеи буржуазияи калон соли 1960 милликунонии банки «Миср» ва «Банки миллӣ»-и Миср эълон карда шуд. Соли 1961 оид ба миллӣ кунонидани 149 банк, ширкатҳо ва корхонаҳои калони саноатӣ қонун баромад. 28 сентябри 1961 бо ташаббуси буржуазияи калони Сурия офицерони ҳарбӣ табадуллот карданд, ки дар натиҷаи он Сурия аз ҳайати РМА баромад.

Конгресси миллии қувваҳои халқӣ 30 июни 1962 Хартияи амалиёти миллиро қабул кард, ки он программаи сиёсии тараққиёти РМА гардид. Дар он роҳи капиталистии тараққиёт рад ва таъкид карда шуда буд, ки танҳо социализм пешрафти иқтисодию иҷтимоиро таъмин карда метавонад. Дар асоси қарори Конгресси миллии қувваҳои халқ моҳи октябр 1962 дар бораи барпо намудани ташкилоти сиёсии оммавӣ — Иттифоқи социалистии Араб (таъсисаш 1963) қарор баромад. То ибтидои соли 1965 қариб 90% ҳисаи корхонаҳои калони РМА ба ихтиёри давлат гузашт, зиёда аз 800 корхона аз он ҷумла бо иштирок ва ёрии СИСР сохта шуд. Аз 1960 бо ёрии СССР сохтмони комплекси гидроэнергетикии азими Асвон оғоз ёфт.

Шиддат ёфтани фаъолияти зараровари буржуазияи миллӣ роҳбарияти РМА-ро маҷбур сохт, ки мавҷудияти синфҳо ва муборизаи синфиро эътироф кунад. Марти 1964 конституцияи нави муваққатӣ қабул гардид, ки он РМА-ро Республикаи социалистии демократӣ эълон намуд. То моҳи май 1964 маҳбусони сиёсӣ — коммунистон ва дигар арбобони чап аз ҳабсхонаю концлагерҳо озод карда шуданд. 5 июни 1967 Исроил ба РМА ҳамла кард. Дар мубориза барои қатъ намудани таҷовузи Исроил ва бартараф кардани оқибатҳои он Иттифоқи Советӣ ва дигар давлатҳои социалистӣ ба Миср ёрии ҳарбӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ расониданд. Ёрии пулии Арабистони Саудӣ, Қувейт, Либия ва дигар давлатҳои араб аҳамияти калон дошт.

30 марти 1968 Носир «программаи 30 марти» революциониро эълон кард, ки он сафарбар кардани тамоми қувва ва воситаҳои мамлакатро барои бартараф намудани оқибатҳои таҷовузи Исроил ва минбаъд мукаммал кардани ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ мекард. 28 сентябри 1970 президент Носир вафот кард. Ҳамон сол Анвар Содот президенти РМА интихоб шуд. 27 июли 1971 Конгресси миллии Иттифоқи социалистии Араб (ИСА) Программаи амалиёти миллиро қабул кард, ки он тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёти Миср, маҳви бесаводӣ, муборизаи зидди таҷовузи сионистӣ ва ғ-ро пешбинӣ мекард.

1 сентябри 1971 Миср бо Либия ва Сурия Федерацияи Республикаҳои Арабро ташкил намуд. 11 сентябри 1971 дар Миср референдум барпо шуд, ки он конституцияи навро маъқул донист. Мамлакат номи Республикаи Мисри Арабро гирифт (РМА). Конституцияи соли 1971 РМА-ро «давлати демократии социалистӣ дар асоси иттифоқи қувваҳои халқи меҳнаткаш» эълон кард. 27 моҳи май 1971 дар Қоҳира Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкории СССР ва РМА ба имзо расид. Октябри соли 1973 армияи Миср дар амалиётҳои ҷангӣ яроқ ва техникаи советиро истифода карда, аз канали Суэц гузашта соҳили шарқии онро озод намуд. 21 декабри бо мақсади яктарафа намудани низои Шарқи Наздик дар Женева конференцияи сулҳ даъват карда шуд. Аммо солҳои 70 Миср дар сиёсати дохилию берунаро бо Ғарб наздикшавиро пеш гирифт, аз ориентацияи социалистӣ даст кашид, сиёсати «либераликунонии иқтисодиёт» ва «дарҳои кушод»-ро гузаронд, ки дар натиҷа кори Ковференцияи Женева вайрон шуд. Сентябри 1975 ҳукумати Миср бо миёнаравии ШМА оид ба масъалаи нимҷазираи Сиво бо Исроил созишномаи секарати баст. Ноябри 1977 президент Содот ба Йерусалими забтшуда рафт.

Гуфтушуниде, ки сентябри 1978 дар Кемп-Девид (ШМА) оғоз ёфта буд, 26 марти 1979 бо бастани ба ном шартномаи Мисру Исроил ба охир расид. Ин шартнома чунин масъалаҳои муҳимро ҳал карда натавонист: озод намудани тамоми заминҳои аз тарафи Исроил ишғолшудаи араб, эътирофи ҳуқуқи халқи арабӣ Фаластин барои ташкил кардани давлати худ. Баста шудани шартномаи сепаратӣ ба муборизаи халқи араб барои бартараф намудани оқибатҳои таҷовузи Исроил зарбаи калон расонд. Шартномаи Кемп-Девидро қариб ҳамаи мамлакатҳои араб рад карданд. Дар натиҷа Миср дар ҳолати ҷудоӣ монд. Лигаи Давлатҳои Араб (ЛДА) қарор баровард, ки аъзогии Миср дар ЛДА мавқуф гузошта шавад. Дар Гавана дар Конференцияи мамлакатҳои ба блокҳо ҳамроҳнашуда дар бораи аз ҳаракати мамлакатҳои ба блокҳо ҳамроҳнашуда хориҷ кардани Миср комиссияи махсус барпо карда шуд. Конференцияи исломии сарварони мамлакатҳои мусулмон низ дар бораи аз ташкилоти давлатҳои исломи муваққатан баровардани Миср қарор қабул карданд. Дар ин тамоми давлатҳои араб муносноатҳои дипломатиашонро аз Миср канданд, ба Миср ёрии пули ва фурӯши нефт қатъ гардид. Марти 1976 бо ташаббуси президенти РМА амалиёти шартномаи дӯстӣ ва ҳамкории байни СССР ва Миср қатъ гардид. Роҳбарияти Миср сиёсати бо Ғарб ва режимҳои реакционии араб наздикшавиро пеш гирифт.

Дар солҳои минбаъда хиёнати Содат вазъияти Мисрро табоҳ кард. Аҳолии халқ торафт вазнин мешуд. Дар натиҷа муборизаи зидди режими Содот сол ба сол авҷ мегирифт. Миср бошад ниҳоят жандарми ШМА гардид, ки дар Шарқи Наздик манфиати империалнетонро ҳимоя мекунад. Дар худи дохили мамлакат таъқиби намояндагони пешқадаму тараққипарвар авҷ гирифт. Фақат дар як моҳи сентябри соли 1981 дар Миср зиёда аз даҳ ҳазор кас ҳабс карда шуд. Дар чунин вазъияти шадиди сиёсӣ як гурӯҳ ҳарбиёни динпараст, ки ният доштанд дар Миср ҳам мисли Эрон республикаи исломӣ таъсис намоянд, ҳангоми паради ҳарбӣ бахшида ба ҷашни озодшавии қисми Сиво 6 октябри соли 1981 Содотро тирборон карда куштанд. Ноиби резидент X. Муборак 12 октябри 1981 ба ҷои Содот президент шуд. Вале вай ҳам эълон кард, ки Миср сиёсати Содотро давом хоҳад дод. Муборизаи зидди тарафдорони Содот боз авҷ гирифт ва алҳол давом дорад.

Партияҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба. Партияи миллии демократӣ (таъсисаш 1978). Партияи ҳукмрон, ки асосан аз намояндагони синфҳои доро иборат буда, сиёсати Содотро ба амал мебарорад. Партияи социалистии меҳнат (таъсисаш 1978), партияи буржуазӣ. Партияи социалистҳои либерал (таъсисаш 1976), партияи буржуазӣ. Партияи миллии прогрессивӣ (таъсисаш 1976), намояндагони қувваҳои тараққипарвари Мисрро муттаҳид менамояд.

Иқтисодиёт. Дар натиҷаи револютсияи 1952 ва дар амал ҷорӣ намудани чорабиниҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ Миср, ки роҳи тараққиёти ғайрикапиталистиро пеш гирифта буд, аз мамлакати қафомондаи аграрӣ ба яке аз давлатҳои мутараққии аграрию индустриалии Шарқи Наздик табдил ёфт. Аз соли 1957 системаи плании тараққиёти иқтисодиёт ҷорй карда шуд. Қариб 85% иқтидори истеҳсолии саноат дар ихтиёри сектори давлатӣ буд.

Аз соли 1952 дар Миср ба ислоҳоти аграрӣ cap карда, заминҳои зиёдатӣ ба деҳқонони безамин ва камзамин тақсим карда дода мешуд. Заминҳои вақфи мусодирашуда (замини муассисаҳои динӣ) ба деҳқонон дода шуд. Давлат ба кооперативҳои хоҷагии қишлоқ ба таври ёрӣ қарз, тухмӣ, моддаҳои химиявӣ, нурӣ ва ғ. дод. Иттифоқӣ Советӣ ва дигар мамлакатҳои социалистӣ ба тараққиёти иқтисодиёти Миср ёрии калон расонданд.

Соҳаи асосии хоҷагии қишлоқ кишти пахтаи маҳиннах мебошад. Истеҳсоли пахтаи маҳиннахи Миср соли 1979 ба 482 ҳазор тонна расид. Дар иқтисодиёти Миср шоликорӣ аҳамияти калон дорад.

Соли 1978 Миср 2511 ҳазор т шолӣ истеҳсол кард. Аз сабаби набудани чарогоҳҳо чорводорӣ дар Миср хеле суст тараққӣ кардааст. Охири соли 1979 дар Миср ин кадар чорво буд (ба ҳисоби ҳазор cap): 5180 гов, 2600 гӯсфанд. Моҳӣ асосан аз баҳри Миёназамин, кӯлҳо ва д. Нил гирифта мешавад.

Соли 1979 16,3 млрд кВт. с. қувваи электр истеҳсол карда шуд. Соли 1979 28 млв т нефт истихроҷ гардид. Аз саноати сабук бофандагӣ бештар тараққӣ кардааст.

Маркази асосии металлургия — Хелуан. Комбинати металлургии Хелуан саноатро бо тахтапӯлод таъмин менамояд. Дар Нак-Ҳаммадӣ бо ёрии иқтисодӣ ва техникии СССР заводи алюминий сохта шуд.

Тӯли роҳи оҳан 6,9 ҳазор км (1978), роҳи автомобилгард — 27 ҳазор км. Бандарҳои асосӣ: Искандария, Порт-Саид, Суэц. Миср ба хориҷа асосан пахта ва биринҷ бароварда, аз хориҷа озуқаворӣ, мошин ва ғ. мегирад. Воҳиди пул — фунти мисрӣ.

Нигаҳдории тандурустӣ. Соли 1968 ба 1000 нафар аҳолӣ таваллуд 38,2, фавт 16,2, фавти кӯдакон ба 1000 кӯдаки навзод 68,0 нафарро ташкил дод. Дарозии умри мардон ба ҳисоби миёна 51,6 ва занҳо 53,8 сол мебошад, Аз бемориҳои сироятӣ ва паразитӣ тифи ҳасбадор, паратиф, вараҷа, гепатит ва ғ. бештар паҳн шудааст. Соли 1968 дар Миср 175 беморхонаи дорои 68 ҳазор кат (2,16 кат ба 1000 нафар аҳолӣ) буд. Дар деҳот 375 маркази нигаҳдории тандурустӣ кушода шудааст. Соли 1969 16,2 ҳазор духтур, 2 ҳазор духтури дандон, 5,4 ҳазор фармацевт ва 20 ҳазор корманди миёнаи тиб кор мекард.

Маориф ва муассисаҳои илмӣ. То револютсияи 1952 қариб 90% аҳолии калонсол бесавод буд. Баъди революция таълими ҳатмии ибтидоии бепул ҷорӣ карда шуд, ки дар натиҷаи он бесаводӣ то 62% кам шуд (1970). Соли таҳсили 1969/70 дар мактабҳои 6-сола зиёда аз 3,6 млн талаба тах-

Рубоиёту фардиёт фароҳам омадааст. Як маснавии мухтасараи орифона ва чанде асарҳои насрӣ ҳам дорад. Дар ашъори М. И. масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ инъикос ёфтаанд. Девонаш соли 1967 дар Эрон ба табъ расидааст.

З. Аҳрорӣ

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.