Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИСОЛИИ КОШОНӢ

МИСОЛИИ КОШОНӢ

nophoto-manМИСОЛИИ КОШОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 Эронӣ. Аз тафсилоти зиндагиаш маълумоте нест. Соммирзои Сафавӣ дар «Тӯҳфаи Сомӣ» овардааст, ки Мисолии Кошонӣ дар шеър табъи баланд дошта, чунончи мехост, ки ҷавоби «Хамса»-и Низомӣ гӯяд, аммо ба итмоми он тавфиқ наёфт». Лекин аз таълифоти ӯ достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ба мо расидааст, ки ягона нусхаи дастнависи он дар Теҳрон (Эрон) маҳфуз аст. назми достон соли 1493 ба ба анҷом расида, 3220 байтро дар бар мегирад.

С. Асадуллоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …