Маълумоти охирин
Главная / Илм / Мисик Василий Алек­сандрович

Мисик Василий Алек­сандрович

Мисик Василий Алек­сандрович (таваллуд 24. 07. 1907, деҳаи Новопавловка, хозира pайонини Межевский, вилояти Днепропетровск), шоири советии украин. Шӯъбаи форсии Техникуми шарқшиносӣ (1932) ва факултети физика ва математикаи Университети Харковро тамом кардааст (1956— 1957). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Аввалин шеърҳояш соли 1923 нашр шудаанд. Дар маҷмуъа «Гиёҳҳо» (1927) андешаҳои файласуфонаи шо­ир ифода ёфтаанд. Мисок ба Осиёи Ми­ёна, аз ҷумла ба Тоҷикистон ду бор сафар кардааст (1932, 1957), ки дар натиҷа назми ӯ бо мавзӯъ ва оҳангҳои нав бой гардид (маҷмъа. «Бинокорон», 1933; «Турксиб», 1933). Пас аз чанде маҷмъаҳои «Шеърҳо» (1962), «Қуллаҳо» (1963), «Сиёҳпайраҳаҳо» (1966), «Саҳро» (1970)-и Мисик нашр шуданд, ки дар онҳо у пайваста оид ба масъулияти шахсии инсон дар роҳи сулҳ, зарурати фаромуш накардани сабақҳои таърих ва ривоҷ додани анъанаҳои неки халқи худ андеша меронад. Мисики тарғибгари адабиёти классикӣ ва советии тоҷик мебошад. Ӯ осори Рудакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Сайидо, Лоҳутӣ ва дигаронро бевосита аз забони тоҷикӣ ба украини тарҷума кардааст. Мисик соли 1962 «Мунтахабот»-и Рӯдакиро ба забони украинӣ ба табъ расонд. Мисик дар тарҷумаи рубоиёти Хайем хидмати намоёнро ба ҷо овард. Ӯ 306 рубоии Хайёмро тарҷума намуд, ки дар силсилаи «Дурдонаҳои назми ҷаҳон» (ба забони украинӣ, 1965) нашр гардидаанд.

Ад.: Дун А. 3., Из истории литера­турных связей таджикского и украинс­кого народов, Д., 1972.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …