Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗОЗОДА Холиқ

МИРЗОЗОДА Холиқ

nophoto-manМИРЗОЗОДА Холиқ (таваллуд 11. 5, 191.1, деҳаи Равонаки Самарқанд), мунаққид ва адабиётшиноси советии тоҷик. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аълочии маорифи халқ (1948), Муаллими Хизматнишондодаи Мактаби РСС Тоҷикистон (1958), Доктори илмҳои филологӣ (1968), профессор (1969). Aъзои КПСС аз соли 1946.           Пас аз хатми Университети Самарқанд (1935) ба Душанбе омада, ба сифати муаллими мактабҳои миёна, олӣ ва ходими илмӣ кор кардааст. Директори Институти забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон (1958—59) буд. Аз соли 1947 мудири кафедраи адабиёти Институти давлатии педагогии Душанбе.

Мақолаҳои илмию танқидиаш аз соли 1934 чоп мешаванд. Доир ба масъалаҳои муҳими адабиёти классикӣ ва советии тоҷик, давраҳои адабиёт, назми гузашта ва имрӯзаи тоҷик, ақидаҳои прогрессивии адабиёти форс-тоҷик тадқиқоту мақолаҳои зиёде дорад. Дар мақолаву рисолаҳои тадқиқотии ӯ—«Ачай» (1935), «Aҳмади Дониш» (1936), «Носири Хисрав» (1940), «Шамсиддин Шоҳин» (1956), «Рӯдакӣ — асосгузори адабиёти классикии тоҷик» (1958), Ҳабиб Юсуфӣ» (1960), «Садриддин Айнӣ—аввалин адабиётшиноси советии тоҷик» (I960), «Мирсаид Миршакар» (1962, 1982), «Анъана ва навоварӣ дар назми А. Лоҳутӣ» (дар китоби «Ёдбуди Лоҳутӣ», 1974) аз ҳаёт ва фаъолияти адибони гузаштаю муосир, мавқеи онҳо дар таърихи адабиёт сухан меравад.

Асарҳои Мирзоев «Аҳамияти адабиёт дар тарбияи атеистӣ» (1961),* «Ақидаҳои зиддидинӣ дар адабиёти тоҷик» (1966) оид ба роли адабиёт дар пропагандаи атеистӣ баҳс мекунанд. Дар таълифи «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) ва «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (1957) Ҳамкорӣ намуда, яке аз муаллифони китобҳои дарсии «Адабиёти Ватан» (барои синфи 5, аз 1941), «Адабиёти тоҷик» (барои синфи 9, аз 1952), «Адабиёти советии тоҷик» (барои синфи 10, аз 1951) мебошад. Таълифи нахустин китоби дарсии «Таърихи адабиёти тоҷик» (асрҳои XIII—XV) барои мактабҳои олӣ ба қалами Мирзоев тааллуқ дорад. «Мунтахаби девон»-и Ҳофизи Шерозӣ (1957), «Мунтахаби ашъор»-и Шоҳин (1959), «Куллиёти мунтахаб»-и Убайди Зокониро ба чоп тайёр намудааст Аз соли 1944 узви ИН СССР. Во якчанд медалҳо мукофотонида шудааст,

Ос.: Шамсаддин Шоҳин, Сталинобод, 1956′ Ҳаёт аз нуқтаи назари адабиёт. Д., 1973; нуқтаи назари зиддидинӣ дар адабиёти тоҷик, Д., 1978; Афкори рангии, Д., 1982.

 

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …