Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗОШОЕВ Султон

МИРЗОШОЕВ Султон

nophoto-manМИРЗОШОЕВ Султон (таваллуд 1932, деҳаи Ғapғapaи pайони Данғара), ходими партиявию советӣ. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1951. Фаъолияги меҳнатиро аз 14-солагӣ сар кард. Солҳои 1946—51 муаллими мак­табҳои ибтидоӣ, ҳафтсола, мудири шӯъбаи мактабҳо, котиби комитети комсомолка райони Данғара. Соли 1954

Институти муаллимтайёркунии Кӯлобро хатм кард. Соли 1953 саринспектор, ҷонишини мудири шӯъбаи маорифи халқи вилояти Кӯлоб, солҳои 1953—56 дар сафи Армияи Советӣ хизмат карда­аст. Солҳои 1957—1959 котиби якуми комитети комсомолии ш. Кӯлоб, котиби дуюми комитети партиявии райони Восеъ, 1960—61 котиби якуми КМ ЛКСМ Тоҷикистон, 1961—64 котиби якуми комитет партиявии райони Восеъ. Соли 1963 Институти давлатин педагогии Кӯлобро ғоибона тамом кард. Соли 1964 ташкилотчии КМ ПК Тоҷикистон оид ба Управленияи территориявии истеҳсолии Кӯлоб. солҳои 1964—66 дар Мактаби олии партиявии назди КМ КПСС (ш. Москва) таҳсил менамояд. Солҳои 1966—67 инспектори шӯъбаи ташкили партиявии КМ ПК Тоҷи­кистон, 1967—73 раиси Комитети давлатии Совети Вазирони РСС Тоҷикистон оид ба кинематография, 1973—79 намояндаи доимии Совети Вазирони РСС Тоҷикистон дар назди Совети Вазиро­ни СССР. Аз декабри 1979 Вазири маданияти РСС Тоҷикистон. Дар съездҳои 13—18 ПК Тоҷикистон аъзои КМ ПК Тоҷикистон, номзад ба аъзоии Бюрои КМ ПК Тоҷи­кистон (1960—61) интихоб шудааст. Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 6—9). Аз соли 1967 узви ИК СССР. Коркуни Хизматнишондо­даи РСС Тоҷикистон (1982). Мирзошоев бо 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ор­дени «Нишони Фахрӣ», чандин ме­дальҳо, аз ҷумла бо ду медали тиллои НКХХ СССР ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ао.: Роҳи кинои тоҷик, Д., 1973.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …