Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗОҲУСАЙНИ ТАНБӮРӢ

МИРЗОҲУСАЙНИ ТАНБӮРӢ

nophoto-manМИРЗОҲУСАЙНИ ТАНБӮРӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), навозанда, бастакор, мусиқидони авваллуи асри 16 ва oхири асри 17 тоҷик. Зодгоҳаш Бухоро. Санъати мусиқиро аз падараш омӯхт. Аз овони ҷавонӣ ба омӯхтани шеъру мусиқӣ, сарфу наҳв, ахлоқ, фалсафа ва дигар илмҳо машғул шуд. Махсусан ба санъати мусиқӣ ва омӯхтаии таркиботи он бештар шуғл варзид. Дар навохтани танбӯр устоди замона гардид. Мирзоҳусайни Танбӯрӣ барои такмили ҳунар ба шаҳрҳои Самарқанд, Ҳирот, Насаф сафар карда, амалияву назарияи му­сиқиро аз худ менамояд. Дар Самарқанд ба Хоҷа Ҷаъфари Қонунӣ, Амир Алиакбари Қонунӣ ва дигарон шиносоӣ пайдо карда, назарияи санъати мусиқиро омӯхта, рисолае бо номи «Бухур-ул-алхон ва арӯз» тартиб додааст, вале мутаассифона он то замони мо Мирзоҳусайни Танбӯрӣ нарасидааст. Мирзоҳусайни Танбӯрӣ муаллифи асарҳои зиёди мусиқӣ, мисли «Савти Танбӯрӣ», «Гардуни Танбӯрӣ», «Мухаммаси Танбӯрӣ», «Пешрави Танбӯрӣ» ҳисоб меёбад.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …