Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗОЕВ Аскаралӣ

МИРЗОЕВ Аскаралӣ

nophoto-manМИРЗОЕВ Аскаралӣ (таваллуд 1922, деҳаи Янгиқӯрғони райони Олтиарики РСС Ӯзбекистон), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1948), Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (1955). Аъзои КПСС аз соли 1944. Солҳои 1942—44 ҳисобчии колхози «Пахташиркат», 1944— 45 котиби комитети комсомол, 1945 —46 инструктори Комитети партиявии райони Регар ва аз соли 1946 раиси колхози ба номи В. И. Ленин райони Регар. Мирзоев дар инкишофи пахтакории район саҳми калон гузоштааст. Дар съездҳои 9—16-уми ПК Тоҷикистон аъзои КМ ПК Тоҷикистон интихоб шудааст. Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 4—10). Бо 3 ордени Ленин, ордени «Нишони Фахрӣ», ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо (аз ҷумла 6 медали НКХХ СССР) ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …