Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗОАҲМАДИ КАМОНЧА

МИРЗОАҲМАДИ КАМОНЧА

nophoto-manМИРЗОАҲМАДИ КАМОНЧА (соли таваллуд ва вафот номаълум), бастакор, мусиқидон, навозандаи асрҳои 15—1.6 форс-тоҷик. Санъати мусиқиро дар зодгоҳаш Ҳирот омӯхта, бо бародараш ба Ҳиндустон рафт ва он ҷо муддати дароз зиндагӣ кард. Аз санъаткорони Ҳинд нозукиҳои мусиқиро омӯхт. Дар назарияи мусиқӣ низ пешдасти замони худ гардид. Аз созҳои мусиқӣ ғижжакро накӯ навохта, бо номи «Камонча» шӯҳрат ёфт. Шеъру рубоиро накӯ месурудааст. Ба маномҳои «Ушшоқ», «Наво» таснифоти зиёде, мисли «Пешрави Камонча», «Амали Камонча», «Савти Камонча» эҷод кардааст.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …