Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗО МУҲДММАДҶОНИ КОБУЛӢ

МИРЗО МУҲДММАДҶОНИ КОБУЛӢ

nophoto-manМИРЗО МУҲДММАДҶОНИ КОБУЛӢ (соли таваллуд номаълум—вафот 1901), яке аз хаттотони хати шикаста. Дар Кобул зиндагӣ ва эҷод кардааст. Шеър низ месуруд. Намунаҳои парокандаи хати шикастаи Мирзо Муҳаммадҷони Кобулӣ дар китобхонаҳои Кобул ва Ҳирот, инчунин дар китобхонаи шахсии хаттот ва шоир Ҳоҷӣ Муҳаммадиброҳими Халил маҳфуз аст. Қитъаи зайл дар рӯзи вафоти Мирзо Муҳаммадҷони Кобулӣ иншо шудааст:

Шоиру муншию муҳосиб фард,

Соҳибулҷуду бахшишу эҳсон,

Зубдаи насли Шайх Аҳмади Ҷом,

Зулфазил Мирзо Муҳаммадҷон…

А.Hypoв.

 

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …