Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗО МАЛКУМХОН

МИРЗО МАЛКУМХОН

nophotoМИРЗО МАЛКУМХОН (тахаллусаш Нозимуддавла; 1833, Исфаҳон—1908, Лозанна, Швейцария), маорифпарвар, публицист ва драматурги эронӣ. Аз оилаи ашроф. Дар Париж таҳсил кардааст. Мутарҷими шахсии шоҳ ва мушовири садри аъзам (сарвазир) буд. Мирзо Малкумхон дар Теҳрон «Фаромӯшхона» ном маҳфиле ташкил намуд, ки дар он як гурӯҳ равшанфикрон гирд омада буданд. Мақсаду мароми асосии маҳфили ӯ умуман, ислоҳи башарият ва хусусан, ислоҳи миллати эронӣ буд. Соли 1861 бо амри Носируддиншоҳ маҳфил пароканда ва Мирзо Малкумхон аз Теҳрон бадарға гардид. Чанд гоҳ ходими сафоратхонаи Эрон дар Туркия, баъдҳо сафири Эрон дар Миср, Англия (1872) ва Италия (1899) буд. Мирзо Малкумхон соли 1890 дар Лондон рӯзномаи форсии «Қонун»-ро нашр намуд, ки дар ташаккули насри форсӣ ва афкори пешқадами халқии Эрон роли калон бозид. Мирзо Малкумхон дар рӯзнома монархияи конституциониро таблиғ менамуд, табаддулоти иқтисодӣ ва маданиро талаб мекард, бар зидди ҷаҳолату нодонӣ мубориза мебурд. Азбаски дар «Қонун» ақоиди пешқадами иҷтимоӣ таргиб мешуд, дар давраи инқилоби Машрута (1906— 11) 41 шумораи он такроран ба табъ расид. Мирзо Малкумхон муаллифи як силсила рисолаву асарҳои сиёсӣ, адабӣ ва публицистӣ мебошад, ки дар онҳо сохти иҷтимой ва давлатии Эронӣ асри 19 танқид шудааст. Мирзо Малкумхон яке аз аввалин шахсоне буд, ки барои тағйири алифбои форсӣ кӯшиш карда, дар ин ҷабҳа бо маорвфпарвари озарбойҷонӣ Мирзо Фатҳалӣ Охундо мукотиба дошт. Инчунин дар зери таъсири М. Ф. Охундов се драма: «Саргузашти Ашрафхон», «Тарифси ҳукумати Замонхон дар Бочнурд» ва «Ҳикояти Карбало рафтани Шоҳқӯлимирзоро навишт. Дар ин асарҳо асосан ҷаҳолату нодонӣ, ришвахӯриву торочгарии намояндагони ҳукумати Эрони замони муаллиф танқид шудааст.

Ад.: Бертельс Б. д., Очерк истории персидской литературы, Л, 1928;

Короглы X., Современная персидская литература, М., 1966.

О. Хӯҷамуродов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …