Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗО ҚИЛИЧБЕК

МИРЗО ҚИЛИЧБЕК

nophoto-manМИРЗО ҚИЛИЧБЕК (1853—1929), нависанда ва маорифпарвари Ҳиндустон. Ба синдӣ асар менавишт. Асосгузори адабиёти муосири синдй. Аввалин романи синдӣ ба қалами Мирзо тааллуқ дорад. Романи иҷтимоии ӯ «Зинат» (оид ба ҳаёти мардуми Синд) соли 1890 ба табъ расид. Дар асарҳояш ба озодии занон даъват карда, усули нави таълимро тартиб намудааст. Дар эҷодиёти Мирзо Қиличбек тасвирҳои реалистонаи ҳаёти мардум мавқеи асосӣ дорад. Мирзо Қиличбек инчунин як миқдор асарҳои англисию ҳиндиро ба забони модариаш тарҷума кардааст. Муаллифи якчанд китобҳои дарсии синдӣ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …