Главная / Маданият ва санъат / МИРЗО ҲУСАЙНИ ЛОҲИҶӢ

МИРЗО ҲУСАЙНИ ЛОҲИҶӢ

nophoto-manМИРЗО ҲУСАЙНИ ЛОҲИҶӢ (соли таваллуд номаълум— вафот 1743), файласуфи давраи сафавия, писари файласуфи маъруфи асри 17 Эрон Абдурраззоқи Лоҳиҷӣ. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо ӯ «Шамс-ул-яқин» ном асар дорад. «Завоҳир-ул-ҳикам» қисме аз «Шамс-ул-яқин» аст. Дар «Завоҳир-ул-ҳикам» масъалаҳои таърифу тақсими вуҷуди моҳият ва вуҷуд, ваҳдат ва касрат, ҳодис ва қадим, моҳияти ҷисм, моддаву сурат, навъҳои ҳаракат, замон, макон, хало, ҳаракати афлок, нафс ва намудҳои гуногуни он баён гаштаанд.

М. Ҳазратқулов.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

books

САФАРНОМА

САФАРНОМА, як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуааштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …