Маълумоти охирин

МИРШАКАР

mirshakarМИРШАКАР (М иршакаров Мирсаид; таваллуд 5. 5. 1912, деҳ Синдеви pайони Шуғнони ВАБК), шоири со­ветии тоҷик, ходи­ми ҷамъиятӣ, Шо­ири Халқии Тоҷикистон (1962).

Аз оилаи деҳқони чорводор. Аъзои КПСС аз соли 1942.

Дар интернати ш. Хоруғ таҳсил кар­дааст. Соли 1930 дар ш. Душанбе курси 3-солаи Мактаби марказии советӣ ва партиявиро ба итмом расонд. Муддате дар г. «Комсомоли Тоҷикистон» кор кард, пас котиби комитети комсомолии pайони Шӯрообод интихоб шуд. Солҳои 1932—34 КМ комсомоли республика ӯро барои кор ба сохтмони канали Вахш фиристод. Дар ин ҷо вазифаи муҳаррири г. «Зарбдори сохтмони Вахш» ва котиби комитети комсомолии сохтмонро ба ӯҳда дошт. Солҳои 1934—37 дар сафҳои Армияи Сурх буд. Котиби масъул аз мухаррири г. «Васияти Ленин» (1937), котиб ва муовини раиси Правленияи ИН Тоҷикистон (1940, 1546—60), сардори Комитети репертуарии Управленияи санъат (1946— 48), ҷонишини мудири шӯъбаи про­паганда ва аггитацияи КМ ПК Тоҷикистон (1961-—62), котиби масъули Коми­тети Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон бa номи Рӯдакӣ (1966—75), раиси ИК Тоҷикистон (1977—78) буд. Аз соли1978 раиси Комитети Мукофоти Давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ. Фаъолияти эҷодии Миршаб аз солҳои 30 оғоз меёбад. Ашъори солҳои аввали ӯ аз ҷиҳати мавзӯъ гуногунранг буда, мубориза барои ҳаёти нав («Эй комсомолон!», «Душманро кун торумор!») , саодати зани тоҷик («Духтари Ватан», «Духтари пахтакор»), зарари дин («То кай?», «Қурбон идӣ кист?» ва ғ.)~po дар бар мегиранд. Шоир дар ин солҳо асосан шеърҳои публицистӣ, лирикӣ, ҳаҷвӣ, дар мавзӯъҳои рӯзмарра навишта, дигаргуниҳои революционии зиндагиро тараннум мекунад, симои душманони сохти социалистиро ошкор месозад. Соли 1934 нахустин достони Миршакар «Ливои зафар» (доир ба сохтмони канали Вахш) ба табъ расид, ки дар роҳи инъикоси бадеии сохтмони социалистӣ дар Тоҷикистон кӯшиши аввалин буд. Шеърҳои аввалини ӯ дар маҷмӯаи «Баҳори ҷавонӣ» (1940) гирд омадаанд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Миршакар дар таъсири анъанаи В. Маяковский ба воситаи «Оинаи ТоҷикТА» ҳаҷвияҳои манзум интишор дода, симои манфури душман­ро фош кард. Шеърҳои «Таронаи уқоби озод», «Шафқати модарӣ» (1941), «Накун фаромушам», «Фаромушат нахоҳам кард» (1943), манзумаҳои «расами Тешабой» (1942), «Одамон аз Боми ҷаҳон» (1943), «Дили модар» (1944) ва як қатор достонҳои бачагонаи Миршакар вирди забони хонандагон гашта, ба онҳо қувват ва боварӣ мебахшиданд. Достони «Қишлоқи тиллоӣ» (1942) дар эҷодиёти Миршакар мавқеи муҳим дорад. Аз ин достон беҳтарин сифатҳои фардияти эҷодии Миршакар то андозае намоён шуд. Шоир сюжет ва образҳои фольклориро ҳунармандона кор кар­да, аз онҳо хулосаҳои муҳими замонавӣ баровард. Миршакар дар достон роҳи ҳақиқии ба озодӣ ва хушбахтӣ расидани халқро нишон дод. Муҳимтарини осори давраи ҷангии Миршакар дар маҷмӯаи «Шеърҳо ва поэмаҳо» (1945) ҷамъ омадааст. Эҷодиёти Миршакар, мавзӯъ ва мазмуни асарҳои ӯ дар солҳои пас аз ҷанг боз ҳам вусъат меёбанд. Шоир дар шеъру достонҳои худ ҳа­ёти осоишта, сулҳу амният ва си­фатҳои нави инсони советиро васф менамояд. Дар достони «Калиди бахт» (1947) талошу кӯшиши мардуми Помир барои мутеъ намудани табиати саркаши кишвари кӯҳӣ инъикос ёфтааст. Шоир дирӯзу имрӯзро ба ҳам муқоиса карда, ба ин васила афзалияти замони навро ни­шон медиҳад. Ин мавзӯъ дар досто­ни дигари Миршакар «Панҷи ноором» (1949) такмил ёфта, ба тарзи нав ҳал кар­да мешавад. Миршакар дар ин асараш бартарии ҳаёти озод ва саодати халқи советиро нисбат ба зиндагии пуразияти мардуми мамлакатҳои шарқи мустамликавӣ нишон дода, фардои боз ҳам дурахшони мамлакати сове­тиро таъкид менамояд. Солҳои 50 Миршакар оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти со­ветӣ шеърҳои бисьёре эҷод кард. («Пахта шукуфт», «Партияи коммунистӣ», «Мо хушбахтем», «Дар меҳмонӣ» ва ғ.). Яке аз мавзӯъҳое, ки ҳамеша диққати Миршакарро ҷалб менамо­яд, образи Ленин аст. Симои Ленин, ки дар чанд шеъри Миршакар («Рубоиёт дар бораи Ленин», 1938; «Ленин зинда аст», 1947; «Ту зиндаӣ», 1948) инъикос ёфта буд, дар достони «Ленин дар Помир» (1955) барҷаста ба зуҳур омад. Дар ин достон воқеаҳои давраи барқарор шудани ҳокимияти советӣ дар Помир, тантанаи ғояҳои ҷовидонаи Ленин дар ҳаёти мамлакат тараннум мешавад. Соли 1964 се достони Миршакар («Дашти лаванд», «Ишқи духтари кӯҳсор», «Чашмони Ле­нин») аз чоп баромад, ки дар онҳо меҳнату муҳаббати муосирон тасвир ёфтааст. Дар силсилаи шеърҳои «Тай намудем роҳи бисьёре» (1968), «Садои ҷунбиши гаҳвора» (1971) шо­ир кӯшиш кардааст, ки муносибати шахс ва ҷамъиятро файласуфона таъбир намояд. Аксари шеърҳои ин силсила хурд ва баъзеашон аз як байт иборат буда, ҳар кадоме як хулосаи муҳими зиндагӣ ва фалсафаи ҳаётро дар бар мегиранд. Дос­тони ӯ «Варақҳои муҳаббат» (1975) аз ҳаёти лётчикдухтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди душман қаҳрамонона мубориза бурда буд, ҳикоят мекунад. Солҳои 1975—78 оид ба муосирон як силсила шеърҳои тоза навишт. Ин шеърҳо дар китоби «Варақҳои муҳаббат» (1978) ба табъ расиданд. Соли 1979 дар бораи Носири Хисрав бо номи «Исьёни хирад» достони нав таълиф кард. Дар эҷодиёти Миршакар драматургия мавқеи калон дорад. Ӯ чандин пьеса: «Қишлоқи тиллоӣ» (1944), «Муалли­ми ишқ» (1945), «Тошбек ва Гулқурбон» (1946), «Шаҳри ман» (1951), «Фоҷиаи Усмонов» (1957), «Хушбахтии шумо — хушбахтии ман» (1966), «Байрақи мактаб» (1969), «Бо роҳи падарон» (1971), «Задухӯрд дар би­ёбон» (1974) ва бисьёр асарҳои якпардагии ҳаҷвӣ ва мазҳакавӣ на­виштааст. Миршакар шоири бачаҳост. Қариб нисфи эҷодиёти ӯ аз асарҳои бачагона фароҳам омадааст. Миршакар ҳаё­ти кӯдаконро хуб медонад, аз ҳаёти онҳо сюжетҳои аҷоиб меёбад ва барояшон бо шавқ ҳикоят мекунад. Миршакар барои фаҳмову шавқовар баромадани шеърҳояш аз эҷодиёти даҳонакии халқ ҳунармандона истифода мебарад, Беҳтарин шеърҳои бачаго­наи ӯ мувофиқи зарбу оҳанги назми халқӣ навишта шудаанд («Дар ҷангал», «Рост мегӯям» ва ғ.). Шеъ­ру достонҳои бачагонаи Миршакар хурдсолонро дар рӯҳи ватанпарварӣ («Мо аз Помир омадем», 1940), меҳнатдӯстӣ («Неъмат», 1942; «Рост мегӯям», 1945), дӯстиву рафоқат («Дугонаҳо», 1954) ва интернационализм («Бачагони Ҳиндустон», 1963) тарбия менамоянд. Асарҳои ӯ «Дурдонаҳои Амрита» (1971) ва «Айёми шабоби Бирбал ва Акбар», ки дар маҷмӯаи «Онҳоро дӯст медорам» (1975) фароҳам омадаанд, дар пайдоишу ташаккули жанри нави адабиёти мо—фантастикаи бадеӣ роли муайян бозидаанд. Эҷодиёти Миршакар бо фольклор робитаи қавӣ дорад. Муроҷиат ба фольклор, муносибати эҷодӣ ва назари нав ба эҷодиёти даҳонакии халқ аз бисьёр ҷиҳатҳо асосҳои халқияти эҷодиёти ӯро таъмин карда­аст. Шоир мушоҳидаҳои худро бе ҳеҷ гуна пардозҳои иловагӣ рӯи қоғаз меорад, ки ин ба реализми осо­ри ӯ таъсири судманд расондааст. Дар камолоти реализми осори ӯ адабиёти рус ва махсусан эҷодиёти В. Маяковский роли калон бозидааст. Миршакар солҳои охир хотираҳои худро роҷеъ ба дӯстон ва ҳамкорон ба қалам овард. Хотираҳои ӯ «Айёми ҷавонӣ» (19/2), «Ёди ёри меҳрубон» (1979), аҳамияти илмию адабӣ дошта, бись­ёр масъалаҳои ҷараёни кори эҷодиро равшан менамоянд,

Миршакар ба навиштани мақолаҳои танқидӣ низ шуғл дорад. Мақолаҳои ӯ «Вазифаи муҳими адабиёти мо» (1949), «Дар бораи баъзе масъалаҳои адабиёти бачагона» (1952), «Дар бо­раи баъзе проблемаи драматурги­яи ҳозираи советии тоҷик» (1953), «Муносибати қаҳрамони мусбат ва манфӣ», «Назми ҳаёт — назми адабиёт» (1954), «Ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошем» (1958), «Доир ба вазъият ва вазифаҳои адабиёти бачагона» (1959), «Чанд сухан дар бораи драматургияи тоҷик» (1966) ва ғ. дар инкишофи назму наср, драматургия ва адабиёти бачагонаи тоҷик саҳми муайян гузоштаанд. Миршакар дар боби ба забони тоҷикӣ нашр намудани осори бадеии шоирони машҳури мамлакатҳои Шарқи хориҷӣ низ хизмати намоён кардааст. Соли 1958 ӯ маҷмӯаи шеърҳои Халили Сомонӣ ва Муҳаммади Иқболро ба чоп ҳозир карда, хонандаи тоҷикро бо осору аҳволи онҳо шинос намуд. Миршакар якчанд сценария навиштааст: «Бачагони Помир» (бо ҳамроҳии Миршакар Филимонова, 1963); «Фошкунӣ» (бо ҳамроҳии И. Луковский, 1968), «Вохӯриҳои кӯтоҳ дар Ҷанги дуру дароз» (бо ҳамроҳии А. Инин, 1975). Асарҳои Миршакар чандин бор ба забони русӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Шеърҳои ӯро халқҳои СССР ва мардуми мамлакатҳои хо­риҷӣ ба забони модарии худ мехонанд. Миршакар аъзои КМ ПК Тоҷикистон, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 8,9), Раиси Совети Олии РСС Тоҷикистон (1961—75), раиси Комитети республикавӣ ва аъзои Президиуми Ко­митети советии якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африка, аъзои Правленияи ИН СССР, аъзои Президиуми Правленияи ИН РСС Тоҷикистон (аз соли 1940) мебошад. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1950), Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ва Мукофоти комсомолӣ ле­нинии Тоҷикистон. Бо ду ордени Ленин, ордени Революцияи Октябрь, ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ» ва бись­ёр медалу Грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Аз соли 1934 узви ИН СССР.

Ад.; Кедрина 3., Мирсаид Миршакар, М, 1954; Очерк истории таджик­ской советской литературы, М., 1-901; Мирзозода X., Мирсаид Миршакар, Д., 1962г, Табаров С., Мирсаид Миршакар, Д, 1902; Шодигуло в X. Миршакар аз Ленинномаи ӯ, Д., 1972.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …