Маълумоти охирин

МИРСАИДАЛӢ

nophoto-manМИРСАИДАЛӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввири асри 16. Писари минётуркаш Мир Мусаввир. Давраи аввали эҷодиёташ дар китобхонаи Табрез гузаштааст. Яке аз минётурҳои «Хамса»-и Низомӣ, ки солҳои 1539—43 дар он ҷо китобат шудааст (дар Музеи Британияи Лон­дон маҳфуз аст), намунаи ҳунари ӯст. Он «Маҷнун дар назди хаймаи Лайлӣ» ном дорад. Соли 1544 Мирсаидалӣ ба Ҳиндустон рафта, дар дарбори Темуриёни Ҳинд ба нигориши минётур пардохт. Ӯ дар ин ҷо сабки хоси мактаби минётури Табрезро идо­ма дода аст.

М. Ашрафӣ

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …