Маълумоти охирин

МИРСАИД АҲМАД

nophoto-manМИРСАИД АҲМАД Ш а м ъ р е з и и М а ш ҳ а д ӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1579), хаттоти форс-тоҷик. Мирсаид Аҳмад дар Машҳад (аз оилаи Саидохон Ҳусайнӣ ном шамърез) таваллуд ёфтааст. Мирсаид Аҳмад яке аз шогирдони хаттоти машҳури Ҳирот Миралии Ҳиравист. Аввал дар китобхонаи дарбори амири Бухоро Аб­дулазизхон (1540—49) ва пас аз мар­ги ӯ ба Эрон баргашта, дар дарбори Таҳмосии I (1524—76) ва баъдтар Исмоили II (1576—78) кор кардааст. Мирсаид Аҳмад дар навиштани навъҳои гуногуни хат маҳорати хосе дошт. Намунаҳои осори ӯ дар китобхонаҳои ҷаҳон маҳфузанд.

К. Махсумов.

 

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …