Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МИРЪОТ-УЛ-ХАЁЛ»

«МИРЪОТ-УЛ-ХАЁЛ»

mirot-ul-hayol«МИРЪОТ-УЛ-ХАЁЛ» («Оинаи хаёл»), тазкираи Шерхони Лудӣ. Таълифаш солҳои 1690—91 ба анҷом расидааст. Шерхон аслан ҳиротӣ буда, баъд аз касби камол ба Ҳиндустон рафта аст. «Миръот-ул-хаёл» 115 шоир ва 15 шоираро дар бар гирифта, дорои дебочаест, ки дар он муаллиф оид ба назму наср, афзалияти назм бар наср баҳс кардааст. Шарҳи ҳоли шоирони қисмати аввали тазкира, чунонки муаллиф гуфтааст, аз тазкираҳои пешин иқтибос ва нақл шуда, фаслҳои минбаъда ба қалами худи у тааллуқ доранд. Муаллиф дар зикри бисьёре аз адибон, илова ба намунаҳои ашъор намунахои нас­ри онҳоро низ сабт намудааст. Доир ба шоирони мутақаддим мухтасар, вале дар боби муосирони худ муфассалтар сухан рондааст. Муаллиф дар ҷараёни накли лаҳзаҳои ҳаёти шоирон доир ба масъалаҳои ахлоқ, ишқ, мусиқӣ ва ғ. баҳс мекунад. Дар хотимаи «Миръот-ул-футӯҳ» шарҳи ҳол ва намунаи ашъори худи муаллиф дарҷ гардидааст. Матни «Миръот-ул-футӯҳ» се маротиба (1831, 1846 ва 1946) дар Ҳиндустон ба табъ расидааст. Тазкира дар масъалаи омӯхтан ва равшаи кардани лаҳзаҳои ҳаёт ва фаъолияти адабии шоирони форсизабони Ҳиндустон ва умуман адабиёти форс-тоҷик аҳамияти калон дорад.

Э. Аҳрорӣ, С. Асадуллоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …