Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МИРОНШОҲ Ҷалолуддин Aмирхоншоҳ

МИРОНШОҲ Ҷалолуддин Aмирхоншоҳ

nophoto-womenМИРОНШОҲ Ҷалолуддин Aмирхоншоҳ (1300—1408), ҳокими Хуросон, Озарбойҷони Эрон ва Ироқ аз сулолаи Темуриён, писари сеюми Темур.

Мироншоҳ дар 14-солагиаш (1380) дар юриш ба Хуросон иштирок дошт. Темуре. 1393 ба Мироншоҳ «таҳти Ҳалоку»- ро, яъне Эрону Ироқро, ки то он вақт зери тасарруфи муғулҳо буданд, медиҳад. Ҳудуди мулкҳои Мироншоҳ аз Дарбанд то Бағдод ва аз Ҳамадон то қисми шарқии Осиёи Хурд васеъ шуд. Мироншоҳ ба набераи Ӯзбакхон  (1312—40) хонадор шуд. Ӯ мисли 1 падараш хунхор, маккор ва бераҳм буд. Мироншоҳ биноҳои мӯҳташамро вай­рон, шаҳрҳоро хароб ва халқҳои сарзамниҳои истилокардаашро тороҷ ва қатл мекард. Мироншоҳ соли 1408 ҳангоми задухӯрд бо ҳокими Озарбойҷон Дароюсуф кушта шуда, дар Сурхоби назди Табрез дафн мешавад. Баъдтар ҷасади Мироншоҳро ба Шаҳрисабз ва аз он ҷо ба Самарқанд, ба мақбараи Ғӯри Мир оварданд.

Ад.: Петрушевский И. П., Го­сударства Азербайджана в XV в., дар кит.. Сб. ст. по истории Азербайджана, вып. I, Баку, 1949; Бартольд В. В., Место Прикаспийских областей в исто­рии мусульманского мира, Соч.. т. 2-, ч.

М., 1963.

Қ. Бобоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …