МИРОБ

nophoto-manМИРОБ мири об, шахси маъмур дар Осиёи Миёна, ки мутасаддии тақсими об буд. Ба тақсимоти обҳои каналҳову обанборҳо Мироби ка­лон (мироббошӣ), ҷӯйҳои хурд Мироби деҳа назорат мекард. Мансаби миробӣ меросӣ буд. Тирамоҳон ба фоидаи Мироб андози махсуси миробона ҷамъ оварда мешуд. Мироб аксар вақт аз мансаби худ суистеъмол наму­да, порахӯрӣ мекард ва аз деҳқонони камбағал ҷарима меситонд.

Дар айёми советӣ калимаи «Мироб» маънои нав пайдо кард. Миробҳои имрӯза дар колхозу совхозҳо ба тақсими об дар байни участкаву бригадаҳо назорат мекунад.

Ад.: Вильданова А. Б., Бухарс­кие ирригационные и канцелярские тер­мины, «Народы Азии и Африки», 1964, N 5.

Ш. Юсуфов.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …