Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИРНЫЙ

МИРНЫЙ

mirniyМИРНЫЙ, расадхонаи илмӣ ва базаи асосии моддию техникии экспедицияҳои антарктикии советӣ дар солҳои 1956—71. Дар соҳили б. Дей­вис (66°33′ а. ҷ, 93в0Г т. ш.), дар рӯи ях ва шахҳои материкӣ ҷой­гир шудааст. Расадхона 13 феврали 1956 ба муносибати соли байналхалқии геофизикӣ кушода шуд. Дар Мирный 20 бинои асосӣ, павильонҳои махсуси магнитӣ, сейсмикӣ, аэрологӣ ва лабораторияҳои геофизикӣ, геологӣ, гляциологӣ, аэрофотограмметрӣ, гравиметрӣ, инчунин радиостанция ба­рои алоқаи бевосита бо Москва сохта шуда буд. Номи Мирныйро ба шарафи киштии бодбонии «Мирный»-и экспедицияи антарктикии рус М. П. Лазарев ва Ф. Ф. Беллинсгаузен гузоштаанд. Соли 1971 базаи асосии экспедицияи антарктикии советӣ ба станцияи Молодёжная гузаронида шуд. Вале як миқдор асбобу олоти мушоҳида ва тадқиқоти илмӣ дар худи Мирный ҳоло ҳам дар амал мебошанд. Дар ин ҷо мушоҳидаҳои метеороло­гӣ, аэрологӣ, актинометрӣ, гляциоло­гӣ, геофизикӣ (тадқиқоти нурҳои космикӣ, фаҷри қутбӣ), гидрологӣ, биологӣ ва тиббӣ гузаронида меша­ванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …