МИРНЫЙ Панас

panas-mirniyМИРНЫЙ Панас (тахаллус, ном ва фамилия— Рудченко Афанасий Яков­левич; 13. 5. 1849, Миргород — 28. 1. 1920, Полтава), нависандаи украин. Аз оилаи амалдори хурд. Соли 1862 Омӯзишгоҳи уездии Гадячскро хатм намуд. Аз соли 1872 асарҳои аввалинаш (шеъри «Украина», ҳикояи «Шайтон гумроҳ кард») чоп шудаанд. Азбаски асарҳояш характери танқидӣ доштанд, маҷбур буд номи аслии худро махфӣ нигоҳ дорад. Тасвири реалистонаи деҳоти украин бо ҳама зиддият ва нобаробариҳои интимоияш пас аз ислоҳоти соли 1861 дар эҷодиёти Мирный мавқеи асосиро ишғол менамояд. Дар романи «Агар охурҳо пур бошанд, магар барзаговон наъра мезананд?» (1880), ки Мирный ҳамроҳи бародараш И. Билык (И. Я. Рудчен­ко) навиштааст, зиддиятҳои иҷтимоӣ нишон дода шудаанд. Роман харак­тери ифшогарона дошта, зарбае буд ба адабиёти либералию буржуазӣ, ки Украинаро бардурӯғ «озод» тасвир менамуд. Дар ватани нависанда ин роман бо номи «Кӯшишҳои бенатиҷа» (1903) чоп шуд. Бо ин ном нависанда ғояи асосии асар — норозигии бетартибонаи «ғоратгари накӯкор»-ро ифода намудааст; эътирози анархистонаи «ғоратгари накӯкор» ба дигаргунсозии олами зулму тааддӣ қодир нест, он деҳқононро аз муборизаи ханиқӣ барои хулуқҳои инсонӣ ва адолат дур месозад. Дар романи Мирный «Зани ишратпараст» (к-ҳои 1-2, 1883-84; қ-ҳои 1-4, 1928) ва повести «Расму руссуми гузашта ва ҳозира» (1897) зисту зиндагонии халқи украин ҳаматарафа ва барҷаста тасвир ёфтааст. Мирный як силсила ҳикояву афсонаҳо ва достони мансур («Хоб», 1905) низ навиштааст. Мирный муаллифи чанд асари драмавист. Асарҳои нависандагони бузурги рус ва европоиро ба забони украинӣ гардондааст. Китобҳои Мирный ба забонҳои халқҳои СССР ва хориҷӣ тарҷума шудаанд.

Оо.: Собр. соч., т. 1—4, М., 1951.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

books

САФАРНОМА

САФАРНОМА, як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуааштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …