Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРМАХТУМИ МАДАНӢ

МИРМАХТУМИ МАДАНӢ

nophoto-manМИРМАХТУМИ МАДАНӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1426 б 1457), шоири асри 15 форс-тоҷик. Гузаштагони Мирмахтуми Маданӣ аз шаҳри Мадина ба Хуросон омада, сокини шаҳри Нишопур шудаанд ва шоир дар ҳамон ҷо ба дуньё омадааст, аз ин рӯ, нисбати «Нишопурӣ» низ дорад. Дар тазкираву манбаъҳои адабӣ Мирмахтуми Маданиро ҳамчун як орифи машҳур ва шоири тавоное ёд кардаанд. Ӯ пайрави Қосими Анвор будааст ва вақте ки қосими Анворро аз Ҳирот рондаанд, ӯро низ аз Нишопур берун карданд. Девони Мирмахтуми Маданӣ дар замони зиндагиаш шӯҳрат доштааст, вале то замони мо аз ӯ ашъори парокандае ба василаи тазкираву баёзҳо расида­аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …