Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРҲУСАЙНИ МУАММОӢ

МИРҲУСАЙНИ МУАММОӢ

nophoto-manМИРҲУСАЙНИ МУАММОӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), адиби асри 15 форс-тоҷик. Номаш дар маъхазҳо Амир Камолуддин Ҳусайн ибни Муҳаммади Ҳусайнӣ машҳур ба Мирҳусайни Нишопурӣ ва Мирҳусайни Муаммоӣ зикр шудааст. Аслан аз Нишопур буда, дар Ҳирот дар мадрасаи «Ихлосия» таҳсил кардааст. Мувофиқи маълумоти «Маҷолис-ун- вафоис»-и Навоӣ Мирҳусайни Муаммоӣ ахлоқи писандида ва хислати нек дошта, дар байни аҳли адаби аср ҳамчун гӯяндаи ҳунарманди муаммиёти нодир шӯҳрат ёфта буд. Маҳорати фавқулодаи ӯро дар эҷоди муаммо Абдурраҳмони Ҷомӣ, Навоӣ ва Бобур ба­рин суханшиносон эътироф намудаанд. Мирҳусайни Муаммоӣ рисолаи мухтасаре дар муаммо тартиб дода, муаммиёташро Дар он сабт кардааст. Дар муқаддимаи рисолааш қайд намудааст, ки аксари муаммиёти он аз назари Ҷомӣ шарафи илтифот ёфта буд ва вай ҳангоми таълиф аз рисолаҳои ӯ истифода бурдааст. Нусхаҳои сершумори рисолаи Мирҳусайни Муаммоӣ ва шарҳҳои ба он навиштаи Содиқ Рукнии Ошиқи Абдулваҳҳоб ибни Ҷамолуддин Муҳаммади Ҳамадонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки он оид ба муаммо аз қабили асарҳои машҳур ба шумор мерафтааст. Як гурӯҳ ҷавонон аз рисолаи Мирҳусайни Муаммоӣ пе­ши Восифӣ сабақ меомӯхтанд.

A. Caттopoв.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …