Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРХОНД Муҳаммад ибни Ховандшоҳ ибни Маҳмуд

МИРХОНД Муҳаммад ибни Ховандшоҳ ибни Маҳмуд

nophoto-manМИРХОНД Муҳаммад ибни Ховандшоҳ ибни Маҳмуд (1433, Балх — 22. 06. 1498Ҳирот) муаррихи асри 15 форс-тоҷик. Падараш Бурҳонуддини Ховандшоҳ аз сайидоии Бухоро буда, баъдтар ба Балх мекӯчад. Зиндагии Мирхонд дар Ҳирот, ки он вақт яке аз марказҳои калонтарини илмию маданӣ буд, ҷараёи ёфтааст. Ӯ дар доираи адабӣ, ки ба он Али­шери Навоӣ сарварӣ мекард, иштирок дошта, намояндаи мактаби илмии таърихшиносии форс-тоҷик дар дарбори Темуриёни Ҳирот буд. Ӯ бо супориш ва таклифи Навоӣ асари худ «Равзат-ус-сафо фӣ сират-ил- анбиё ва-л-мулук ва-л-хулафо»-ро навиштааст, ки ба таърихи пайғамбарон, сулолаҳо, подшоҳон ва халифагон бахшида шудааст. Асар аз 419 ҷилд иборат буда, 6 ҷилдаш ба қа­лами Мирхонд тааллуқ дорад. Ҷилди 7 ва хотимаи асарро, ки чилди 8-ум низ меноманд, набераи у Хоидамир ба итмом расондааст (Ниг. низ «Равзат-ус-сафо»).

Ад.: История Ирана с древнейших времен до конца XVIII в., Л., 1958.

Қ. Бобоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …