Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРДАРДИ ДЕҲЛАВӢ

МИРДАРДИ ДЕҲЛАВӢ

nophotoМИРДАРДИ ДЕҲЛАВӢ (1721,. Деҳлӣ — 1785, ҳамон ҷо), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аз оилаи шоири соҳибдевон Муҳаммадносири Андалеб. Мирдарди Деҳлавӣ ашъорашро ба форсӣ ва урду менавишт. Аз ӯ ду девони ғазалиёт (яке ба форсӣ, дигаре ба урду) боқӣ мондааст. Ба қалами шоир асарҳои Мансурӣ «Асрори салавот» ва «Воқеоти Дард» низ мансубанд. Инчунин чор рисола — «Нолаи Дард», «Охи сард», «Дарди дил», «Шамъи маҳфил» ҳам аз таълифоти ӯянд (ҳар чаҳор соли 1803 ба табъ расидаанд). Шовр вв рвеолахоро дар пайравии асари падараш —» «Нолаи Андалеб» навишта будааст. Мирдарди Деҳлавӣ инчунин аз мусиқидоновни замони худ буда, чанде аз асбобҳои мусиқиро бо маҳорати баланд менавохтааст.

С. Акрамов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …