Маълумоти охирин

МИР ТАКӢ

nophotoМИР ТАКӢ (тахаллус Мир; номаш Мирмуҳаммади Такӣ; 1724, Агра —1810, Лакхнав), шоири ҳинду. Ба забони урду ва форсӣ шеър гуфтааст. То соли 1783 дар Деҳлӣ зиндагӣ карда, баъд ба дарбори ҳокими Лакхнав кашида шудааст. Мир Такӣ, ки шахси боғуруре буд ва майли гӯшанишинӣ дошт, дере нагузашта дарборро тарк намуд. Машаққатҳои зиндагӣ ва нокомиҳои шахсӣ дар эҷодиёти ӯ осори амиқ, гузоштаанд. Мир такӣ бештар дар гааал. муваффақият ёфтааст ва аз ӯ ё девони ғазалиёти урду, 1 девони форсӣ боқӣ мондааст. Бештар маснавиҳои хурд навиштааст: достонҳои ишқӣ «Оташи ишқ», «Дарьёи ишқ» ва ғ. Тарҷумаи ҳоли худ—«Зикри Мир» ва тазкираи шоирони урду — «Нукот-уш-шуаро» -ро (ҳарду ба форсӣ) низ таълиф кардааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …