Маълумоти охирин

МИР МУСАВВИР

nophotoМИР МУСАВВИР (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввири ни­маи аввали асри 16 форс-тоҷик, намояндаи барҷастаи Мактаби минётури Табрез. Муаррихи асри 16 Дӯстмуҳаммад дар асараш «Ҳолоти ҳунарварон» (1544) дар бораи Мир Мусаввар маълумот додааст. Мувофиқи он Мир Мусаввар дар ороиши «Хамса»-и Низомӣ (1539— 43) ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ иштирок кардааст. Як минётури ӯ, ки манзараи гаштугузори Нушервону вазирашро дар харобаҳои қасре тасвир кардааст, дар «Хамса»-и Низомӣ маҳфуз мондааст (Китобхонаи Британияи Лондон).

М. Ашрофӣ.

 

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …