Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИОКАРДИТ

МИОКАРДИТ

miokarditМИОКАРДИТ (аз мио… ваюн. кагdia — дил), илтиҳоби мушаки дил (миокард). Ба Миокардит одатан бемориҳои сироятии шадид (дифтерия, тарбод, махмалак, ангина ва ғ.) ва музмин (сил) сабаб мешаванд. Ҳангоми Миокардит сохти мушакҳои дил тағйир меёбад. Дар вақти вазнин будани беморӣ бошад, як қисми торҳои мушак аз кор баромада, кардиосклероз пайдо мешавад. Миокардити дар натиҷаи тарбод ба вуҷудомада, бештар дар синни бачагӣ дучор гардида, одатан ба эндокар­дит якҷоя мегузарад. Бемор аз бемадорӣ, хастаҳолӣ, тангнафасӣ, дард ва тапиши дил шикоят мекунад, ҳарорат баланду фишори хун паст мешавад, ранги бемор парида, лабаш кабуд мегардад. Беморро дар беморхона муолиҷа мекунанд.

Муолиҷа: оромӣ, истеъмоли витаминҳо, гормонҳои стероидӣ, моддаҳои зидди сироятӣ ва ғ. Ҳангоми тарбод — салицилатҳо.

Пешгирӣ: сари вақт табобат кардани бемориҳои сироятӣ ва тар­бод.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …