Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИНЦ Александр Львович

МИНЦ Александр Львович

minz-aleksandrМИНЦ Александр Львович (8. 1. Ростови Дон — 29.12.1974, Мос­ква, физик ва радиотехники советӣ, акад. АФ COOP (1958; аъзо-корр. 1946), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1956). Университети Дон (1918) ва Институти инженерҳои алоқаи Москваро (1932) хатм кард. Профессор аз соли 1934. Ба лоиҳакашӣ ва сохтмони як қатор радиостанцияҳои пуриқтидор роҳбарӣ на­муд (ба номи А. С. Попов, 1927; ба номи ВҶСПС, 1929; ба номи Ко­минтерн, 1933; РВ-96, 1938; ба яоми В. В. Куйбышев, 1943 ва диг.). Солҳои 195?—70 роҳбари Институти радиотехникии АФ СССР. Аз соли 1967 раиси Совети илмии АФ СССР оид ба масъалаҳои тезонидани зарраҳои заряд­ҳои. Асарҳои илмии Минц ба назария ва усулҳои ҳисоб кардани система­и модуляцияи радиотелефоны, коркарди усулҳои бадастории иқтидори зиёди стансияҳои радиошунавонӣ, бунёди системаҳои нави антеннаҳои самтнок барои радиостанцияҳои фавқулиқтидори мавҷҳои дароз ва кӯтоҳ буньёди лампаҳои ба қисмҳо ҷудошавандаи пуриқтидори генератор, усулҳои нави радиоченкунӣ, истифодаи радиотехника ва электроника дар суръатфизоҳои зарраҳои заряд­нок оиданд. Дар коркард ва буньёди суръатфизоҳои Институти муттаҳидаи тадқиқи ядроӣ ширкат кард. Ба кор­кард, лоиҳакашӣ ва сохтмони суръ­атфизоҳои хаттӣ — инжекторҳои протонҳо ва системаи радиоэлектроникаи суръатфизоҳо дар Москва ва Серпухов (76 Гэв, 1967) роҳбарӣ на­муд. Лауреати Мукофотҳои давлатии СССР (1946, 51) ва Мукофоти ленинӣ (1959). Бо 4 ордени Ленин, 4 ордени дигар, медали тиллоӣ ба номи А. С. Попови АФ СССР ва дигар медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …