Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / МИНТАҚАИ СУБАРКТИКӢ

МИНТАҚАИ СУБАРКТИКӢ

subarktМИНТАҚАИ СУБАРКТИКӢ, мин­тақаи географие дар Нимкураи ши­молӣ, ки байни минтақаҳои арктикӣ ва мӯътадил чойгир шуда аст (ниг. харитаи Минтақаҳо ва зонаҳои гео­графии Замин, ҷ 2, саҳ. 448—449). Сарҳади ҷанубии Минтақаи субалпӣ дар уқёнус, дар ҳудуди паҳншавии яхҳои мавсимӣ воқеъ аст. Иқлимаш хунук: ҳарорати миёнаи моҳи гармтарин аз 5 то 10° С, хунуктарин аз —5° С, дар канораҳои ғарбӣ то —30, —40° С (ҳат­то то — 50° С) дар қисмҳои марказӣ. Тобистон ҳавои мӯътадил ва циклонҳо, зимистон ҳавои арктикӣ ва антициклонҳо мушоҳида мешаванд. Боришоти солона (бештар барф) 300—500 мм. Минтақаи субалпӣ зиёда аз 8 моҳ барфпӯш аст. Заминаш яхбаста. Дар ноҳияҳои хунуктари минтақа зонаи тундра ва дар ноҳияҳои нисбатан гармтар зонаи бешатундра вусъат ёфтааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …