Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИНТАҚАИ СУБАЛПӢ

МИНТАҚАИ СУБАЛПӢ

mintakai-subalpiМИНТАҚАИ СУБАЛПӢ, минтақаи табиии баландӣ дар кӯҳҳои арзҳои мӯътадил ва субтропикӣ, ки набототу иқлимаш бештар субалпист. Поёнтар аз минтақаи алпӣ ва болотар аз минтақаи бешаи кӯҳӣ, дар ноҳияҳои намнок вa минтақаи дашти кӯҳӣ (дар ноҳияҳои хушк) воқеъ аст. Мавқеи Минтақаи субалпӣ ба арзи маҳал, самти нишебӣ ва дараҷаи континентии иқлим вобаста аст. Дар кӯҳҳои Алп ва Кавкази Ғарбӣ Минтақаи субалпӣ дар баландиҳои 1700—2300 м ва дар кӯҳҳои Тоҷикистон дар баландиҳои 3000—3500 м ҷойгир шудааст. Дар арзҳои боз ҳам баландтар, инчунин дар ноҳияҳое, ки ба онҳо таъсири ҷараёни хунуки баҳр мерасад, ҳудуди Минтақаи субалпӣ якбора паст, баъзан то соҳили баҳр мефарояд (мас., дар ҷазираҳои Куриль). Ба ин минтақа ландшафти марғзорҳои кӯҳӣ хос аст. Барф дар давоми 6—8 моҳ боқӣ мемонад. Минтақаи субалпӣ чарогоҳи хуби тобистона мебошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …