Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИНТАҚАИ МУҲОФИЗАТИ САНИТАРӢ

МИНТАҚАИ МУҲОФИЗАТИ САНИТАРӢ

mintakai-muhofizatМИНТАҚАИ МУҲОФИЗАТИ САНИТАРӢ, минтақаи байни муассисаҳои саноатӣ ва наздиктарин биноҳои истиқоматию ҷамъиятӣ. Ин минтақа бо мақсади аз таъсири омилҳои зарарноки истеҳсолӣ (гул-гула, чанг, партовҳои газӣ ва дигари моддаҳои зарарнок) ҳимоя намуда­ни аҳолӣ ҷудо карда мешавад. Дар СССР корхонаҳои саноатиро вобаста ба дараҷаи зарарнокии партовҳои саноатӣ, такомули процессҳои техно­логӣ ва мавҷудияти иншоотҳои тозакунӣ ба 5 гурӯҳ тақсим мекунанд. Масоҳати Минтақаи муҳофизати санитарӣ барои муассисаи гурӯҳи якум — 1000 м, дуюм — 500 м, сеюм — 300 м, чорум — 100 м ва панҷум — 50 м мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …