Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИНТАҚАИ ГЕОСИНКЛИНАЛИИ УҚЁНУСИ ОРОМ

МИНТАҚАИ ГЕОСИНКЛИНАЛИИ УҚЁНУСИ ОРОМ

mintakai-geo-oromМИНТАҚАИ ГЕОСИНКЛИНАЛИИ УҚЁНУСИ ОРОМ, калонтарин минтақаи геосинклиналии Заминро гӯ­янд, ки атрофи уқёнуси Оромро ҳалқавор печонида гирифтааст. Ба ин минтақа соҳили материкҳо, баҳрҳои канорӣ, силсилаи ҷазираҳо ва новаҳои чуқури қаъри атрофи уқёнуси Ором дохил мешаванд. Тӯли ҳудуди беруни минтақа 56000 км, бараш аз якчанд сад то 3—5 ҳазор км. Он нооромтарин минтақаи қишри Замин аст, ки аз минтақаҳои дигар бо ҳаракатҳои пурзӯри тектоникӣ, зилзилаҳо ва вулқонҳои амалкунанда фарқ ме­кунад. Кӯҳҳои чиндори ин минтақа дар давраи токемёрий (Австра­лия), эраҳои палеозой (ҷанубу шарқи Хитой, Австралияи Шарқӣ), мезо­зой (ноҳияи Верхоянску Чукот, Сихоте-Алинь, к-ҳои Кордильераи Аме­рикан Шимолӣ) ва кайнозой (к-ҳои Анд ва Антарктида) ба вуҷуд омадаанд. Чиндоршавии ҷазираҳои калон ва қисми канории материкҳо (Саха­лин, Тайвань, ноҳияҳои шимоли Кали­мантан ва Гвинеяи Нав, Калифор­ния, ҷануби Аляска ва ғ.) охирҳои кай­нозой cap шуда буд ва то имрӯз давом дорад. Дар қисми материкии минтақа конҳои тилло, нуқра, қалъагӣ, волфрам ва ғ., дар қисми наздиуқьёнусӣ кони маъданҳои мис, оҳан, хромит, никел, платина, тил­ло, дар ноҳияҳои вулқондор — симоб, сулфур мавҷуданд. Қаъри баҳрҳои касорӣ захираи калони нефту газ доранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …