Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИНТАҚАИ ГЕОСИНКЛИНАЛИИ БАҲРИ МИЁНАЗАМИН

МИНТАҚАИ ГЕОСИНКЛИНАЛИИ БАҲРИ МИЁНАЗАМИН

mintakai-geoМИНТАҚАИ ГЕОСИНКЛИНАЛИИ БАҲРИ МИЁНАЗАМИН, яке аз ка­лонтарин ноҳияҳои аз ҷиҳати текто­никӣ серҳаракати қишри Заминро гӯянд, ки платформаҳои Европаи Шарқӣ, Сибирь, Хитою Корея ва Хитой Ҷанубиро аз платформаҳои Африкаю Арабистон ва Ҳиндустон ҷу­до мекунад. Минтақа дар Ғарб аз гул. Гиб­ралтар ба воситаи материки Евросиё то галаҷазираи Индонезия тӯл кашида, дар Ш. бо минтақаи геосинклина­лии уқёнуси Ором пайваст меша­вад. Қисми зиёди Европаи Ғарбӣ ва ҷанубӣ, баҳри Миёназамин, Африкаи Шимолӣ (Марокко, Алҷазоир, Ту­нис), Осиёи Ҷанубӣ Ғарбӣ ва галаҷазираи Индонезияро дар бар мегирад. Ба ин минтақа ноҳияи чиндори герцирнии Европаи Ғарбӣ ва Марказӣ, ноҳияи чиндори алий ва ноҳияи чиндори Индонезия дохил мешавад. Ҷои ҳозираи Минтақаро дар эраҳои пале­озой ва мезозой уқёнуси калони Тетис ишғол мекард.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …