Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИНТАҚАИ ГЕОСИНКЛИНАЛӢ

МИНТАҚАИ ГЕОСИНКЛИНАЛӢ

mintakai-geosinklinaliМИНТАҚАИ ГЕОСИНКЛИНАЛӢ, минтақаи чиндори геосин-клиналӣ,минтақаичиндор,минтақаи васею тӯлонӣ ва аз ҷиҳати тектоникӣ серҳаракати қишри За¬мин. Минтақаи геосинкалиналӣ одатан дар байни платформаҳои континентии қадим ё бай¬ни платформаҳою буни (ложаи) Уқёнус ҷойгир шуда, баҳрҳои дохи¬лии канорӣ, силсилаи ҷазираҳо ва чуқуриҳои новамонанди қаъри уқёнусро дар бар мегирад. Тӯлаш ба даҳҳо ҳазор км ва бараш ба садҳо ва ҳатто ҳазорҳо км мерасад. Дар давоми таърихи навтарини Замин (неогей), яъне дар муддати 1,6 млрд соли охир, Минтақаи геосинкалиналии калон инкишоф ёфт; Минтақаи геосинкалиналии уқёнуси Ором — уқёнуси Оромро ҳалқавор иҳота намуда, платформаҳои Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Осиё, Австралия ва Антарктидаро аз ҳам ҷудо мекунад; Минтақаи геосинкалиналии баҳри Миёназамин — аз гул. Гибралтар cap шуда, ба воситаи шимолу ғарбии Африка, ҷануби материки Евросиё то галаҷазираи Малай кашол меёбад ва дар ин ноҳия бо Минтақаи геосинкалиналии уқёнуси Ором пайваст мешавад; Минтақаи геосинкалиналӣи Ура¬лу Муғулистон (Уралу Муғулистону Охота) — платформаи Сибирро аз Ғарб ва Ҷануб иҳота карда, платформаҳои Европаи Шарқӣ ва Хитою Кореяро аз ҳам ҷудо мекунад; Минтақаи геосинкалиналии уқёнуси Атланти к— соҳили материкҳоро дар қисми шимолии уқёнуси Атлантик дар бар меги¬рад; Минтақаи геосинкалиналӣи Арктика — атрофи уқёнуси Яхбастаи Шимолиро фаро гирифтааст. Дар давоми эволюцияи минтақа дар ҳудуди он пай дар пай ноҳия ва системаҳои геосинклиналь ба вуҷуд омада, инкишоф меёфтанд ва дар давраҳои гуногун чиндор шу¬да, дучори метаморфизми регионалӣ ва гранитизация гардида ба систе¬маи кӯҳҳои чиндори синнашон гу-ногун ва сонитар ба платформаҳои ҷавон табдил меёфтанд. Синни қадимтарин ноҳияҳои чиндори Минтақаи геосинкалиналӣ ба охири протерозой (ба замони чин¬доршавии байкалӣ) рост меояд. Ин ноҳияҳо одатан дар атрофи Минтақаи геосинкалиналӣ воқеъ гаштаанд. Ноҳияҳои чиндори нисбатан ҷавонтари палеозой (ноҳи¬яҳои чиндори каледонӣ ва герцинӣ), мезозой ва кайнозой бошанд, дар миёнатари Минтақаи геосинкалиналӣ ҷойгир шудаанд. Терр-ҳои зиёди Минтақаи геосинкалиналӣ дар замони ҳозира ба кӯҳҳои чиндор ё платформаҳои ҷавон табдил ёфтаанд. Қисмҳои аз ҳама ҷавонтари кайнозоии Минтақаи геосинкалиналӣ то имрӯз ноорому серзилзила ва сервулқон буда, инкишофи геосинкли¬налии худро ҳанӯз ба охир нарасонидаанд (мас., ноҳияҳои баҳри Миёназамин, галаҷазираи Малай, ноҳияи сил¬силаи ҷазираҳои уқёнуси Ором дар шарқи Осиё ва ғ.).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …