Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИНТАҚАИ БЕТАРАФ

МИНТАҚАИ БЕТАРАФ

mintakai-betarafМИНТАҚАИ БЕТАРАФ, дар ҳуқуқи байналхалқӣ, маҳалли муайяни географиеро гӯянд, ки дар он ташкили амалиёти ҳарбӣ манъ буда, онро ба сифати саҳнаи амали­ёти ҳарбӣ низ истифода кардан мумкин нест. Одатан як қисми хушкӣ ё баҳри сарҳадиро Минтақаи бетараф эълон мекунанд. Он аз тарафи давлати ҷудогонаи манфиатдор ё дар асоси шартномаи байналхалқӣ ташкил карда мешавад. Давлатҳои назди соҳили баҳр метавонанд барои таъмини амнияти худ дар давраи ҷанги байни давлатҳои дигар муваққатан Минтақаи бетараф ташкил намоянд. Ба Минтақаи бетарафи муваққатӣ инчунин минтақаҳое дохил мешаванд, ки онҳоро тарафҳои паҳнгкунанда барои бурдани ягон хел гуфтушунид (мас., оид ба ивази асирони ҳарбӣ, ярадорон ва беморон, оид ба сулҳи муваққатӣ) ва ҳифзи ёдгориҳои маданию осори қа­дима муқаррар мекунанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …