Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / МИНТАҚАИ БЕЯДРО

МИНТАҚАИ БЕЯДРО

mintakai-beyadroМИНТАҚАИ БЕЯДРО, дар ҳуқуқи байналхалқӣ, минтақаи осоиштаеро гӯянд, ки дар он нигоҳ доштани ярокҳои бағоят хавфнок— яроқҳои атомӣ ва термоядроӣ навъ аст. Минтақаи беядро яке аз шаклҳои муҳофизати сулҳу амнияти байналхалқист, ки ба талабот ва принципҳои Устави ТДМ мувофиқ мебошад. Таклифи дар гӯшаю канори гуногуни дуньё ташкил намудани Минтақаи беядро имконият медиҳад, ки доираи ҷойгиркунии яроқи ядроӣ ва истифодаи он то андозаи муайяне маҳдуд карда шавад. Минтақаи беядро аввалин бор дар Шартномаи байналхалқии оид ба Антарк­тида амалӣ гардид. Мувофиқи мод. 5-уми он дар Антарктида тарконидани ҳамаи хелҳои яроқи ядроӣ ва гӯронидани партовҳои радиоактвӣ манъ аст. Минбаъд СССР, Польша, Чехословакия, Германияи Демократӣ, Румыния ва давлатҳои дигари социалистӣ дар бораи Минтақаи беядро ва минтақаҳои «сулҳу ҳамкорӣ» эълон намудани Европаи Марказию Шимолӣ, Балкан, Адриатика, Шарки Наздик, Африка, Америкаи Лотинӣ. уқёнуси Ҳинд таклифҳо пешниҳод кар­данд. Давлатҳои гуногун ин таклифҳоро маъқул ёфтанд. Аммо як қатор таклифҳо ба сабаби муқобилати давлатҳои ғарб ҷомаи амал напӯшиданд.

Сессияи 16-уми Ассамблеяи Генералии ТДМ (ноябри 1961) дар бораи Минтақаи беядро эълон шудани Африка қарори махсус қабул намуд. Дар Сессияи 19-уми Ассамблеяи генералии ТДМ (1964) дар бораи Минтақаи беядро эълон шудани Америкаи Лотинӣ қарор қа­бул кард.

Баъдтар фазои кайҳон, моҳ ва дигар ҷирмҳои осмонӣ Минтақаи беядро эълон шуданд. Қаъри баҳру уқёнусҳо низ аз соли 1971 барои гузаронидани ама­лиёти ҳарбии ядроӣ тамоман манъ карда шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …