Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МИНТАҚАИ АРКТИКӢ

МИНТАҚАИ АРКТИКӢ

mintakai-arktikiМИНТАҚАИ АРКТИКӢ, минтақаи географии Замин аст, ки қисми зи­ёди шим. Арктикаро дар бар меги­рад. Сарҳади Минтақаи арктикӣ одатан аз рӯи изотермаи +5° С моҳи гармтарин муайян карда шуда, он дар ҷазираҳо ва хушкии материкии Арктикӣ бо сарҳади байни зонаҳои биёбони арк­тикӣ ва тундра мувофиқ меояд. Хусусиятҳои асосии табиати Минтақаи арктикӣро қимати манфӣ ё мусбати пасти мизони (баланси) ҳарорати радиационӣ (то 41,9 кН дар 1 см2) ифода ме­кунад. Аз ҳамин сабаб ҳарорати ҳавои ин ҷо доимо паст, қисми зиёди терр. (баъзе ҷойҳо ҳамеша) барф­пӯш буда, дар он пиряхҳо фаровонанд; дар хушкиҳо процессҳои би­ологию геохимиявӣ суст сурат мегиранд; масоҳати калони уқёнусро қабати ғафси ях пӯшидааст. Дар Минтақаи арктикӣ тамоми сол массаи давои арктикӣ ҳукмфармост, ки он ба иқлими терр-ҳои калони Евросиё, Америкаи Шимолӣ ва қисмҳои ба Арктика ҳамшафати уқёнус таъсири зиёде мерасонад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …