Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / МИНТАҚАИ АЛИЙ

МИНТАҚАИ АЛИЙ

МИНТАҚАИ АЛИЙ, минтақаи табиии баландкӯҳро гӯянд, ки ландшафташ асосан марғзори кӯҳист. Болотар аз мингақаи субалпӣ воқеъ гашта, дар нуқтаҳои ниҳоят баланди кӯҳҳо ба минтақаи нивалӣ иваз мешавад. Мавқеи баландии Минтақаи алий ба арзи географӣ, дараҷаи намии кӯҳ ва экспозицияи ниапебиҳо вобастагӣ дорад. Минтақаи алий дар к-ҳои Алп ва Кавкази Ғapбӣ дар баландиҳои 2200—3000 м, дар нишебиҳои паи. Ҳимолой 3600—5000 м ва дар кӯҳҳои Тоҷикистон дар баландиҳои 3500—4200 м воқеъ аст. Минтақаи алий махсусан дар кӯҳҳои намиашон зиёди арзҳои мӯътадил ва субтропикӣ бештар дучор меояд; дар арзҳои баландтар он ба минтақаи тундраи кӯҳӣ, поёнтар ба минтақаи дашт ва биёбони баландкӯҳӣ, дар арзҳои назди эква­тор ба минтақаи парамос иваз ме­шавад. Рельефи Минтақаи алий асосан пиряхист. Иқлимаш хунук, то 6—8 мох барфпӯш буда, бодҳои сахт мевазад; ҳарорати миёнаи январ то —15° С, июль аз 14° С пасттар; боришоти со­лона беш аз 1000 мм. Набототаш алпӣ; алафҳои пасту буттазорон якҷоя марғзори алпиро ташкил медиҳанд. Олами ҳайвоноташ: гурм, сиёҳбузи кӯҳ, тӯр, суғур, муш, калламуш ва ғ. Минтақаи алий чарогоҳи хуби тобистона мебошад.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …