Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИНТАҚАҲОИ СЕИСМИКӢ

МИНТАҚАҲОИ СЕИСМИКӢ

mintakai-seismikiМИНТАҚАҲОИ СЕИСМИКӢ, мин­тақаҳои серзилзила (зилзилахез). Минтақаҳои сеисмикиро вобаста ба қувваи паҳншавии зилзила дар харитаҳои ноҳиябандии зилзила қайд меку­нанд. Дар Иттифоқи Советӣ ноҳия­ҳои кӯҳии ҷирими Ҷанубӣ, Кавказ, Конеттог, Осиёи Миёна, ҷазираҳои Курилу Камчатка ва як қисми При­мори Минтақаҳои сеисмикӣ ба ҳисоб мераванд. Дар Осиёи Миёна Минтақаҳои сеисмики кӯҳҳои Тиёншон, Помир, атрофи Иссиккул, водиҳои Фарғона, Олой ва ғ. мебошанд. Мавзеъҳое, ки дар онҳо зилзилаҳои сахт ба амал омада метавонанд, ба Минтақаҳои сеисмикии 9, 8, 7 ва 6-балла тақсим карда мешаванд. Дар Минтақаҳои сеисмикӣ0 тадқиқоти ин­женерию техникӣ ва корҳои сохтмон одатан вобаста ба дараҷаи зилзиланокии ҳамон ноҳия пеш бурда ме­шаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …