Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МИНТАҚАҲОИ ГЕОГРАФӢ

МИНТАҚАҲОИ ГЕОГРАФӢ

geografiМИНТАҚАҲОИ ГЕОГРАФӢ, қисмҳои калонтарини зонавик сатҳи Замин. Минтақаҳои географӣ аз ҳамдигар бо ҳарорату намнокӣ, массаи ҳаво, процессҳои биогеохимиявӣ ва геоморфологӣ, намои растанй, миграцияи ҳайвонот, гардиши моддаҳо фарқ меку­нанд. Вобаста ба иқлим, махсусан гармӣ ва намнокӣ, Минтақаҳои географӣ ба зонаҳои географии гуногун тақсим меша­ванд. Минтақаҳои географӣ аз экватор ба тарафи қутбҳо ва аз доманаи кӯҳ ба ҷониби қулла ҷойгир шудаанд. Сатҳи ку­раи Замин ба минтақаҳои арктикӣ, антарктикӣ, субарктикӣ, субантарктикӣ, мӯътадил, субтропикӣ, тропи­кӣ, субэкваторӣ, экваторӣ тақсим мешавад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …