Маълумоти охирин

МИНСК

minskМИНСК, вилоят дар ҳайати РССБ. 15 январи 1938 ташкил шудааст. Дар қисми марказии республика воқест. Масоҳаташ 40,8 ҳазор км3. Аҳолиаш 1556 ҳазор нафар (1979), асосан белорусҳо, инчунин русҳо, полякҳо, украинҳо мезистан. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 38,1 нафар. Ба 22 райони маъмурӣ тақсимшуда, 17 шаҳр, 20 птш, 2 посёлка (коргарӣ ва курортӣ) дорад. Шаҳр­аи калонтаринаш: Борисов, Моло-Дечво, Солигорск, Слуцк, Жодино, Вклейка. Марказаш — ш. Минск. Боордени Ленин (1967, 1970) мукофотонида шудааст.

Сатҳаш ҳамвори теппадор. Дар Шимолу Ғарб баландии Минск (қуллаи баланди он — Дзержинский, 346 м), Дар ҳамвории Березинаи Марказаш, дар қисми ҷанубии вилояти пастхамии Полесия ҷойгир аст. Ҷануб ва Ҷанубу Шимол вилоят асосан ботлоқзор. Сарватҳои зеризаминии вилоят: намаки ка­лий, намаксанг, торф, бӯр, мергел, ғaр, шагал, гил, оби минералӣ. Иқлимаш континентии мӯътадил, намнок. Ҳарорати миёнаи январ 6,1—7,4* С, лль 173-18,3° С. Боришоти солона «0—668 мм. Дарьёҳои асосиаш: Бе­резина, Неман, Вилия, Птичь. Обанборҳои калонтаринаш: Заславль, Со­лигорск, Любань ва ғ. Системаи обёрии Вилей — Минск соли 1976 сохта шудааст. Кӯлҳои калони вилоят: Нарочь, Мядель, Мястро, Свирь, Вишневск ва дигарон. Хокаш бештар чимтоли хокистарӣ, чимтоли хокистарии ботлоқӣ, чимтоли ботлоқӣ, торфию ботлоқӣ, аллювиалӣ. 37,2% терр. ви­лоят бешазор (санавбар, коя, тӯс, ғоздор, булут ва ғ.) буда, 14% он ботлоқзор аст. Аз ҳайвонот гург, рӯбоҳ, шохгавазн, хонгул, харгӯш, қашқалдоқ, санҷоб, гуроз, савсор, кокум, саги сиотмонанд, хирс, лань (як ҷинси гавазн), қундуз, сагобӣ, шагора, аз паррандаҳо титав, мурғи чинор, кабки хокистарӣ, тӯрна, мурғобӣ аз моҳиҳо шуртан, окунь, ка­рась, лещ, язь, мормоҳӣ, зағорамоҳӣ, гулмоҳӣ ва ғ. вомехӯранд.

Қисми зиёди корхонаҳои саноатӣ дар Минск воқеъ гаштааст. Муҳимтарин соҳаҳои саноат: мошинсозӣ, коркарди металл, химия, саноати сабук ва хӯрокворӣ, масолеҳи бинокорӣ, чӯбу тахта, коғаз ва мебелсозӣ. 21,6% маҳсулоти саноатии вилоятро корхонаҳои мошинсозию коркарди металл ташкил медиҳанд. Аксари корхонаҳо дар шаҳрҳои Жодино (заводи автомобилсозии Белоруссия—БелАЗ), Бори­сов (заводҳои таҷҳизоти электрикии автомобилу трактор), Молодечно (заводи дастгоҳсозӣ ва конструкцияи ме­таллӣ), Дзержинск (заводҳои механи­кӣ ва таъмири муҳаррик) воқеъ гардидаанд. Дар заминаи кони намаки калийдори Старобин саноати химия тарққӣ кардааст. Дар Солигорск иттиҳодияи истеҳсолии «Белорускалий» амал мекунад. 3аводхои ш. Бори­сов: маснуоти массаҳои пластикӣ, маснуоти резинаи техникӣ, заводи таҷрибавии зарфҳои полимерии «Полимиз», химиявию фармацевтӣ ва ғ. Истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ тараққӣ кардааст. 3аводҳои оҳану бетон (Борисов, Мододечио, Заславль, Слуцк), маснуоти оҳану бетони яклухт (Солигорск), қубурҳои сафолии заҳбурӣ ва ғ. маҳсулоти зиёде мебарораид. Базаи энергетикии вилоягг бар сӯзишвории маҳаллӣ асос ёфтааст. Минск аз ҷиҳати захираю истеҳсоли торф дар РССБ ҷои якумро ишғол мекунад. Иттиҳодияи коркарди чӯбу тахта (комбинатҳои фанеру гӯгирд, чӯбу тахта), фабрикаи пианино (Борисов) хеле машҳур аст. Соҳаҳои саноати сабук —дӯзандагӣ (Бо­рисов, Дзержинск, Молодечно), коркарди катон (7 заводи катон), шишабарорӣ (Борисов ва «Залесье», pайони Вилей), пӯсту пойафзол (Молодечно, Смолевичи), бофандагӣ (Солигорск) бартарӣ доранд. Вилоят 4 комбинати гӯшт (Борисов, Молодечно, Слуцк, Столб­цы) дорад. Иттиҳодияи истеҳсолии мебел дар Молодечно ва филиали Иттиҳодияи тадқиқоти илмии мебелсозии Минск дар Борисов мавҷуд аст. Дар вилоят заводҳои равғану панир, шир, консерв, вино, спирт, қанд (Слуцк, Городея) ва ғ. низ ҳастанд. Дар Слуцк, Молодечно, Борисов кор­хонаҳои маснуоти бадеӣ, дар пос. Ивенец фабрикаи маснуоти сафолӣ ва гулдӯзӣ кор мекунанд. Xоҷагии қишлоқи вило­ят барои парвариши чорвои ширу гӯштдиҳанда ва кишти картошкаю катон мутобиқ кунонида шудааст. Зироатҳои асосӣ: навдор, гандум, сӯлӣ, зироатҳои техникӣ: катон, лаблабуи қанд. Вилоят аз ҷиҳати киш­ти картошка ва парвариши дарахту буттаҳои мевадор дар респуб­лика ҷои якум ва аз рӯи кишту ҷамъоварии катон ва лаблабуи қанд ҷои дуюмро ишғол мекунад. Бoғдорӣ ва сабзавоткорӣ тараққӣ кар­дааст. Вилоят охири 1975 дорои 1354.9 ҳазор чорвои калони шохдор, 1009,5 ҳазор хук, 97,1 ҳазор гӯсфанд буд. Паррандапарварӣ низ тараққӣ кардааст. Тӯли роҳи оҳан 836 км (1975). Районҳои асосӣ: Москва — Минск — Брест, Виль­нюс—Минск—Гомель, Осиповичи — Слуцк—Барановичи. Дарьей Берези­на киштигард аст. Соли таҳсили 1974/75 дар вилоят. 1805 мактаби маълумоти умумӣ, 13 мактаби миё­наи махсус буд. Охири соли 1975 вилоят 1255 китобхонаи оммавӣ, 8 музей (аз ҷумла Музеи ёдгории Ф. Э. Дзержинский), 199 муассисаи табобатӣ дошт. Дар вилоят 3660 нафар духтур (4 духтур ба 417 нафар аҳолӣ) кор мекард. Нарочь ва Ждановичи калоитарин курортҳои вилоят ва республика мебошанд. Газетаи вилоятӣ «Минская правда» («Ҳақиқати Минск») аз соли 1950 нашр мешавад.

Ад.: Народное хозяство БССР, Минск, 1076.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …