Маълумоти охирин

МИНОВӢ

mesheryakovМИНОВӢ    Муҷтабо (1900, Теҳрон —1975, ҳамон ҷо), адабиётшиноси эронӣ. Дорулмуаллимини олии ш. Теҳронро хатм кардааст. Аввалҳо муаллим буд. Солҳои 1929— 30 роҳбарии студентони эрониро дар Париж ва Лондон ба ӯҳда дошт. Пас аз чанд сол ба Эрон баргашт ва соли 1936 боа ба Лондон рафт ва қа­риб чор сол он ҷо монда, тадқиқоти судмандеро анҷом дод. Пас ба Эрон бозгашт ва ба устодии (профессории) донишгоҳи Теҳрон интихоб гардид. Дар ин солҳо чапде мушо- вири фардангии Эрон дар Туркия буд. Девони Носири Хисрав, достони «Вис ва Ромин», «Наврӯзнома»-и Хайём, таснифоти Бобо Афзалро ба нашр ҳозир кардааст. Маҷмӯаи мақолаҳои ӯ бо номи «Понздаҳ гуфтор» интишор ёфтааст, ки тадқиқоти муаллифро доир ба зиндагии Ибни Сино, Муҳаммади Ғазолӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Фирдавсӣ, Муҳаммади Иқбол ва ғ. дар бар мегирад. Миновӣ тасҳеҳи матни «Калила ва Димна»- ро анҷом додааст, ки аз ҷумлаи беҳтарин матнҳои ин китоб аст.

З Аҳрорӣ, Ғ. Қодиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …