Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МИНОРСКИП

МИНОРСКИП

minorskipМИНОРСКИП Владимир Фёдоро­вич (5. 02. 1877, Корчевж лаби Вол­га — 25. 03. 1966, Кембржч), шарқшиноси рус. Фақат ҳуқуқшиносии Университети Москва (1900) ва Ин-ти забонҳои шарқии Лазарев (1903) -ро хатм кардааст. Аз соли 1903 дар Вазорати корҳои хориҷии Россия (асо­сан дар корҳои дипломатӣ дар Туркия ва Эрон) хизмат кардааст. Пас аз Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь ба Рос­сия барнагашт. Дар Эрон (1917—19), Франция (1919—32), Британияи Кабир (аз 1932) зист. Аз соли 1937 проф. Университети Лондон. Тадқиқоти Минорскрип асосан ба ҳалли масъалаҳои таърих, этнография ва маданияти Эрон, Закавказия, Туркия, инчунин таърихи дини ислом оид аст. Асарҳои «Худуд-ул- олам ва «Тазкират-ул-мулук» (доийр ба таърихи Эрони давраи Сафавиён)-ро аз забони форсӣ ба англисӣ тарҷума ва нашр кардааст. Минорскрип аъзои академияҳои Британия ва Франция, аъзои фахрии «Ҷамъияти Осиё» дар Франция ва Германия, иштирокчии як қатор конгрессу конференцияҳои байналхалқии шарқшиносон, аз ҷумла Конгресси 25-уми шарқшиносон дар Москва (1960) мебошад.

Ас.: История Ширина и Дербенда X—XI вв.. М., 1953; Eiguisse d’une histoIre de Nodir—Chah, Paris, 1934; Persia in 1474—1498, «PAS», Monogr, 1957, т. 28.

Л. Валиев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …