Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИНОМЕТ

МИНОМЕТ

minomyotМИНОМЕТ (аз мина ва русӣ ме­тать— партофтан, даво додан), минапаррон, яке аз аслиҳаҳои ар­тиллерии суфтамила. Барои монеаҳои табииро бартараф карда, аз боло ба душман партофтани минаҳо истифода бурда мешавад. Миномет барои носту нобуд кардани қувваҳои дар майдони кушод ва хандақҳо будан душман ва инчунин барои торумори воситаҳои оташфишони он таъин шудааст. Миномет аз аслиҳаҳои муқаррарии артиллерӣ бо оддигин сохт, ваз­ни нисбатан сабук, траекторияи каҷхатта доштани снаряд (мина) ва бо диг. хосиятҳояш фарқ мекунад. Қисмҳои асосии Миномет инҳоанд: мила, лафети дупоя. такягоҳ, нишонгирак, механизми идоракунӣ, механизми уфуқро муайянкунанда. Аз Миномет минаҳон осколкавӣ. дудкунанда, оташфишон ва фугасо мепарронанд.

Минометро бори аввал дар Ҷанги руссу япон (1904—05) қӯшунҳои рус ба кор бурдаанд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ онро ҳамаи армияҳо истифода кардаанд. Ҳозир қувваҳои мусаллаҳи бисёр мамлакатҳо Минометҳои калиб­рашон гуногун (аз 81 то 240 мм) доранд. Снаряди онҳо аз 3 то 130 кг, масофаи тирпаррониашон аз 2,5 то 10 км, массаашон дар ҳолати ҷангӣ аз 35 то 3600 кг мебошанд. Ғайp аз Минометҳои муқаррарӣ боз Минометҳое вуҷуд доранд, ки онҳоро асосан барои паррондани снарядҳои реактивӣ исти­фода мебаранд. Чунин Минометҳо дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941— 45) бо номи «Катюша» машҳур буданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …