Маълумоти охирин

МИНО

МИНО, сир, 1) моддаи ҷилодори рангин, ки барои андудани рӯи хишт, сафол, зарфиёт, ороишот ва ғ. истифода мешавад. Мино ашёро аз афсурдашавӣ, таъсири гармову сармо, ишқору туршиҳо эмин дошта, зоҳиран дилкашу назаррабо мегардонад. Мино таърихи чандҳазорсола дорад. Ашёи бинокории Мисри Қадим, Бобулистон шоҳиди ин ақидаанд. Дар Осиёи Миёна низ аз давраҳои қадим маъмул буд. Махсусан асрҳои 10—13 Мино Дар санъати меъморӣ фаровон истифода шудааст. Пештоқу гунбази аксари мақбара, Мадраса ва масҷидҳои гузашта минокорӣ мешуданд. Навъи ҳама маъмул Минои осмонӣ, кабуд ва сабз буд. Аз ин рӯ, осмонро бо ибораҳои «гунбази мино», «доираи миноӣ», «ҳафт мино» (киноя аз ҳафт қабати осмон), «чархи минофом» ифода мекунанд, Ҳунармандони тоҷик роҳҳои гуногуни ҳосил кардани Миноро медонистанд. Усули маъмули ба даст овардани хелҳои Мино чунин буд:

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …